Донишгоҳи давлатии Астрахани Русия дар бораи рад кардани дархост дар бораи иҷозаи идомаи таҳсили чор нафар донишҷӯёни тоҷик, ки қаблан барои нақзи тартибот аз донишгоҳ хориҷ шуда буданд, ба Вазорати маорифи Тоҷикистон нома ирсол намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» худи донишҷӯён аз шаҳри Астрахан хабар доданд, онҳо хеле умедворӣ доштанд, ки қазия ба некӣ анҷом мепазирад, вале донишгоҳ мактубҳои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ва Вазорати маорифи Тоҷикистонро ба инобат нагирифтааст.
Сардори Раёсати муносибатҳои байнулмилалии Вазорати маорифи ҶТ Абдусаттор Одинаев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита зикр кард, ки вазир Нуриддин Саидов то ҳанӯз ба мактуби худ дар ин бора ба унвони ректори донишгоҳи Астрахан посух нагирифта, дар вазорат ба дастрасии посухи мусбат умедворанд, зеро ду тан аз донишҷӯёни хориҷшуда имсол бояд донишгоҳро хатм мекарданд.
«Агар худи донишҷӯён дар бораи ирсоли мактуб бо посухи манфӣ ба вазорат хабар дода бошанд, пас барои ин асос ва сабабҳои ҷиддӣ мавҷуд будаанд ва ба ҳар ҳол, ман гумон дорам, ки донишҷӯён тартиботи дохилӣ ё муқаррароти донишгоҳро риоя накардаанд», – иброз дошт вай.
Номбурда афзуд, дар сурати ба вазорат ворид шудани посухи манфӣ аз Донишгоҳи давлатии Астрахан, онҳо ба иҷрои дархости худ исрор нахоҳанд варзид, зеро вазорат ба дахолати кардан ба қарори мактаби олии Астрахан ҳуқуқи маънавӣ надорад.
Одинаев ҳамчунин изҳор кард, ки ин ҳодисаи нахустини хориҷ шудани донишҷӯёни тоҷик аз макотиби олии кишварҳои хориҷӣ бо гуноҳи худашон набуда, соли равон ба вазорат аз макотиби олии Қазоқистон 6 адад чунин огоҳинома дар бораи хориҷ гардидани донишҷӯёни тоҷик расидааст, ки дар бештари маврид ин ҳодиса бо гуноҳи бевоситаи худи онҳо сурат гирифтааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24-уми марти соли равон дар майдони варзишии донишгоҳи Астрахан миёни донишҷӯёни тоҷик ва туркман муноқиша рух дода, шоми ҳамон рӯз ҷонибҳо ба созиш расида бошанд ҳам, рӯзи дигар дар бораи аз донишгоҳ хориҷ шудани чор нафар донишҷӯёни тоҷик ва чор нафар донишҷӯёни туркман бидуни ҳуқуқи барқарор кардан фармони маъмурият содир шуд.



