Эъломи таъсиси ҳизби нави сиёсӣ дар Тоҷикистон

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Душанбе аз таъсиси як ҳизби нави сиёсӣ бо номи «Тоҷикистони нав» иттилоъ дода шуда, дар ҷаласаи махсус Эъломия дар ин хусус қироат карда шуд. Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози Иттиҳоди анҷуманҳои тиҷоратии Тоҷикистон Зайд Саидов, муовини аввали раиси Шӯрои мазкур ва раиси Анҷумани миллии  менеҷерони Тоҷикистон Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Душанбе аз таъсиси як ҳизби нави сиёсӣ бо номи «Тоҷикистони нав» иттилоъ дода шуда, дар ҷаласаи махсус Эъломия дар ин хусус қироат карда шуд.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози Иттиҳоди анҷуманҳои тиҷоратии Тоҷикистон Зайд Саидов, муовини аввали раиси Шӯрои мазкур ва раиси Анҷумани миллии  менеҷерони Тоҷикистон Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов ва як зумра роҳбарони дигар иттиҳодияҳои тиҷоратии шомил ба Шӯрои ҳамоҳангсоз аз ташаббускорони таъсис додани ҳизб мебошанд.

Ба гуфтаи онҳо, ҳадафи аслии таъсиси ҳизби нав даст ёфтан ба истиқлоли иқтисодии Тоҷикистон аст. «Зарурати таъсиси ҳизб дар он ифода меёбад, ки имрӯз ҷомеаи тоҷикро як нобоварӣ ба оянда фаро гирифта, аксари қувваи корӣ ва нерӯи ақлонӣ Тоҷикистонро тарк мекунанд. Дар ин шароит ҷомеа ба афкору паём ва ташаббусу амалҳои тоза ниёз дошта, ҳизби «Тоҷикистони нав» ифодакунандаи ин ормонҳост», – гуфта мешавад дар эъломия.

Ташаббускорони ҳизби нав изҳор намуданд, ки «Тоҷикистони нав» як платформа барои муттаҳидсозии андешаву ғоя, шахсиятҳо ва имконот баҳри созандагии миллӣ буда, ҳизбро воқеъгароён, навоварон, технократҳо ва ҳирфаиён намояндагӣ хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки Шӯрои ҳамоҳангсози Иттиҳоди анҷуманҳои тиҷоратӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон соли 2007 таъсис ёфта, тобистони соли гузашта Зайд Саидов ба ҳайси раиси Шӯрои ҳамоҳангсоз интихоб шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.