Ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ


Имрӯз зимни нишасти навбатии аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, чанд санади ҳаётан муҳим баррасӣ ва муҳокима шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар, раиси кумитаи МН оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Амирқул Азимов дар бораи масъалаи аввал – Созишнома байни Тоҷикистону Чин ва Афғонистон оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се давлат суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки Созишномаи мазкур аз тарафи президенти Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба МН МО ҶТ ва мақсад аз таҳия ва пешниҳоди он дақиқ ва муайян намудани маҳали ҷойгиршавии нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои се давлат мебошад.

Ин Созишнома, ки аз 3 модда иборат аст, 5-уми июни соли 2012 дар шаҳри Пекин ба имзо расидааст.

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои ҷойгиронии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Huawei Technologies Co. Ltd.» оид ба таҳвили таҷҳизот барои Лоиҳаи «Системаи автоматикунонидашудаи идоракунӣ дар нақлиёт «Шаҳри бехатар» ва пешниҳоди хизматрасониҳои «Таҳти калид», Ёддошти тафоҳуми иловагии ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёддошти тафоҳуми иҷроӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои сохтмони туннели «Анзоб» ва Конвенсияи қолабии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку муҳокима шуданд.

Лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» аз масъалаҳои дигаре буданд, ки аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатии худ баррасӣ карданд.

Дар хотимаи ҷаласаи Шӯро аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул шуда, қисме аз онҳо барои муҳокима ва қабул ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки рӯзи 10-уми апрел баргузор мешавад, пешниҳод гардиданд.

spot_imgspot_img

Популярное