Эрон бозсозии нақби «Истиқлол»-ро ба итмом мерасонад

Имрӯз дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Зимни шарҳи Ёддошти мазкур ба вакилон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов изҳор намуд, ки мақсад аз тасдиқи санади мазкур анҷоми боқимондаи лоиҳа буда, ҷиҳати иҷрои корҳои боқимондаи лоиҳавӣ Тоҷикистон […]

Пайрав Чоршанбиев


Имрӯз дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Зимни шарҳи Ёддошти мазкур ба вакилон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов изҳор намуд, ки мақсад аз тасдиқи санади мазкур анҷоми боқимондаи лоиҳа буда, ҷиҳати иҷрои корҳои боқимондаи лоиҳавӣ Тоҷикистон 3 млн. доллари ИМА ва Эрон низ 3 млн. доллари ИМА маблағи бурсӣ ҷудо мекунанд.

Вазир зикр кард, ки аз оғози сохтмон барои бунёди нақби «Истиқлол» 39 млн. доллари ИМА маблағ масраф гардидааст, ки 21 млн. долллари ИМА қарз, 10 млн. доллари ИМА маблағи бурсии Эрон ва боз 7,8 млн. доллари ИМА маблағи ҳукумати ҶТ аст.

Ба гуфтаи Ҳакимов, паймонкори кулли анҷоми бозсозии сохтмони иншоот ширкати эронии Sobir интихоб шуд, ки қаблан низ дар он фаъолият дошт. «Мо ба анҷоми бозсозии нақб мутахассисони Чинро ҷалб карданӣ будем, вале баъзе ҷанбаҳои сиёсӣ ба ин имкон надоданд», – иброз дошт вазир ва минбаъд ошкор шуд, ки зери мафҳуми «ҷанбаҳои сиёсӣ» ӯ аз ҷониби сарони кишварҳои Тоҷикисилну Эрон мавриди истифода қарор дода шудани нақб дар моҳи июли соли 2006-ро дар назар доштааст.

Ғайр аз ин, зикр кард Ҳакимов, «эрониҳо изҳор намуданд, ки худашон бозсозии нақбро ба итмом мерасонанд ва барои иҷрои корҳои иловагӣ ҷудо кардани воситаҳои бурсӣ ваъда карданд ва аз ин рӯ, мо ба интихоби эрониҳо рӯ овардем». «Мо ягон ширкати чиниро интихоб карданӣ будем, зеро бо ширкатҳои эронӣ кор кардан душвор буда, онҳо дар сухан дигар чиз мегӯянду дар рафтор тамоман ба таври дигар амал мекунанд», – изҳор кард ӯ.

Номбурда ҳамчунин гуфт, анҷоми корҳои бозсозии сохтмони нақби «Истиқлол» ахири моҳи сентябри соли равон дар назар буда, то ахири моҳи май тамоми масолеҳу таҷҳизот ва техника ба иншоот интиқол ва моҳи июн бевосита корҳои бозсозӣ шурӯъ мешаванд.

«Дар тамоми давраи иҷрои корҳои сохтмонии бозсозӣ мо комилан манъ шудани ҳаракати нақлиёт тавассути нақбро дархост намуда, равуои нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ба воситаи роҳи кӯҳна – ағбаи Анзоб сурат мегирад ва мо имкон дорем, ки роҳ тавассути ағбаро дар муддати якчанд рӯз пурра барои ҳаракати нақлиёт омода намоем», – афзуд Н. Ҳакимов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.