spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Боздиди намояндагони Хадамоти фаъолиятҳои сиёсии хориҷии ИА аз АНМН


Ахири ҳафтаи гузашта Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров намояндагони Хадамоти фаъолиятҳои сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо (ХФСХИА) Витенис  Бенетис ва Маури Пасаненро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти АНМН, дар мулоқот, ки бо ташаббуси ХФСХИА созмон ёфта буд, Директори Агентӣ ҳайатро бо вазъи вобаста ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ шинос намуд. 

Ғайр аз ин Р.Назаров ба меҳмонон дар бораи ташкили ҳамкориҳо миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва ҳамкасбонашон аз кишварҳои ҳамсояи минтақа дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир иттилоъ дод.

Сарвари АНМН дар бораи чораву тадбирҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир меандешад, фаъолиятҳои Агентӣ ва дастоварду дурнамои рушди он, натиҷаҳои ҷамъбасти “Барномаи ягонаи давлатии мақсадноки пешгирии нашъамандӣ ва муқобила бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ва ҳадафҳои аслии қабули Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 муфассал нақл намуд.  

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавии мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳо баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз ҶИА дар соли 2014 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Зимни суҳбат  ҳамчунин аз натиҷаи ҳамкориҳои зиддимухаддиротии дуҷониба изҳори қаноатмандӣ шуд ва АНМН ва ХФСХИА  хостори рушди ин ҳамкориҳо дар оянда шуданд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...