Соли равон дар Тоҷикистон 4360,9 ҳазор дона хишт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 млню дона зиёд мебошад. Шумораи коргарон 744 нафарро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумти маркази матбуоти Вазорати энергетикам ва саноати ҷумҳурӣ, то имрӯз дар ҷумҳурӣ 85 корхонаи истеҳсоли хишт таъсис ёфта, бинобар мавсимӣ будани фаъолияти аксари онҳо дар се моҳи соли ҷорӣ 25 корхона фаъолият кардаанд. Шумораи коргарон дар онҳо 744 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурӣ соли равон 6 корхонаи истеҳсоли хишт бо 173 ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, айни замон дар ҷумҳурӣ 65 корхонаи истеҳсоли қуму шағал мавҷуд буда, тавре маълум аст, фаъолияти онҳо мавсимӣ мебошад. Бо муътадил шудани обу ҳаво ва пайдо гаштани шароиту имконият дар се моҳи соли ҷорӣ 56-тои он аз нав ба фаъолият шуруъ намуда, ба миқдори 106,7 ҳазор м3 қуму шағал истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66,1 ҳазор м3 зиёд аст. Суръатафзоии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 2,6 баробар мебошад.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ноҳияи Шӯробод аз ҷониби ҶММ «Анвар» як корхонаи истеҳсоли қуму шағал бо иқтидори 40 ҳазор м3 оғоз карда ба миқдори 15,7 ҳазор м3 маҳсулот истеҳсол намуда, шумораи ҷойҳои кории корхона 12 нафарро ташкил медиҳад.



