Тасдиқи иштироки Белорус дар мулоқоти Бунёди ҷаҳонии экологӣ дар Душанбе

Чанде қабл 2013 мулоқоти сафири Точикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов бо вазири захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти ин кишвар Владимир Григоревич Салко баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, мусоҳибон аз сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Беларус изҳори қаноатмандӣ намуда, рушди муназзами ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои гуногун зикр карданд. Ҷонибҳо қайд карданд, ки […]

ASIA-Plus


Чанде қабл 2013 мулоқоти сафири Точикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов бо вазири захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти ин кишвар Владимир Григоревич Салко баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, мусоҳибон аз сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Беларус изҳори қаноатмандӣ намуда, рушди муназзами ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои гуногун зикр карданд.

Ҷонибҳо қайд карданд, ки дар Беларус мисли Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва захираҳои обӣ таҷрибаи хуб мавҷуд аст ва аз он истифода кардан мумкин аст. Дар ин қарина ҷонибҳо алоқамандии худро ҷиҳати ба имзо расонидани Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист иброз намуданд.

Тарафҳо аз дастгирии ибтикороти якдигар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, идомаи чунин таҷрибаро зарур донистанд. Аз чумла, Қ.Қоимдодов зикр намуд, ки Тоҷикистон ва Беларус ҳамёрони доимӣ дар сатҳи байналмилалӣ, дар доираи Созмони Милали Муттаҳид буда, ташаббусҳои ҳамдигарро рочеъ ба масъалаҳое, ки мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо қарор доранд, дастгирӣ мекунанд.

Дар навбати худ ҷониби беларусӣ зикр намуд, ки дар ҳоли ҳозир ҳам Беларус ва ҳам Тоҷикистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ дар ду лоиҳа иштирок мекунанд: доир ба хориҷ кардани моддаҳои харобкунандаи озон аз истифода ва масъалаи нест кардани партовҳо. Ба ғайр аз ин, ҷониби беларусӣ омодагии худро ҷиҳати иштирок дар Мулоқоти васеи минтақавӣ, ки онро Бунёди ҷаҳонии экологӣ (GEF) бо иштироки Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Беларус ва Россия дар рӯзҳои 30 апрел-2 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор карданист, тасдиқ намуд.

Дипломати тоҷик зикр намуд, ки Тоҷикистон ташаббускорӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълом доштани «Соли байналмилалии оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015», инчунин гузаронидани «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» мебошад. Ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ намуда, ҷониби Беларус омодагии худро ҷиҳати иштирок дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки 20-21 августи соли 2013 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, иброз дошт.

Ба масъалаҳои густариши робитаҳои Тоҷикистону Беларус таваҷҷӯҳ намуда, ҷонибҳо аз натиҷаҳои Ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ки 2-3 апрели соли равон дар Душанбе баргузор шуд, изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҷонибҳо табодули сафарҳои кориро ба таври мунтазам ва ғанигардонии рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаро бо ташаббусҳои мушаххас чун амри зарури арзёбӣ намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.