Тоҷирони бритониёӣ ба Тоҷикистон меоянд

Нахустин ҳайати тиҷоратии Британияи Кабир иборат аз намояндагони 9 ширкатҳои соҳаҳои гуногун имрӯз ба Тоҷикистон ташриф меорад. Бино ба иттилои сафорати Британияи Кабир дар ҶТ, намояндагони ҳайат имкониятҳои савдо ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор дода, баҳри равнақи ҳамкориҳо бо ҳукумати Тоҷикистон, соҳибкорон ва намояндагии ташкилотҳои маблағгузор кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод. Ҳайатро директори […]

ASIA-Plus


Нахустин ҳайати тиҷоратии Британияи Кабир иборат аз намояндагони 9 ширкатҳои соҳаҳои гуногун имрӯз ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Бино ба иттилои сафорати Британияи Кабир дар ҶТ, намояндагони ҳайат имкониятҳои савдо ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор дода, баҳри равнақи ҳамкориҳо бо ҳукумати Тоҷикистон, соҳибкорон ва намояндагии ташкилотҳои маблағгузор кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод. Ҳайатро директори ширкати Бритиш Экспертиз (British Expertise) ва Гурӯҳи Маълумот оиди Бизнес дар Осиёи Маркази ва Қафқоз (CATBIG) Найҷел Петерс сарварӣ мекунад.

Намояндагони ҳайати тиҷоратӣ бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, мушовири давлатии президент дар умури иқтисод Фаррух Ҳамраалиев ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов мулоқот хоҳанд кард. Дар назар аст, ҳайат бо як зумра соҳибкорон, вазоратҳо ва намояндагии ташкилотҳои маблағгузор вохӯрӣ анҷом диҳанд ва аз имконотҳои фаъолият дар Тоҷикистон шиносоӣ пайдо кунанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ВКХ ҶТ, бо анҷоми сафари ҳайати тиҷоратии бритониёӣ рӯзи 18-уми апрел роҳбари намояндагии Вазорати савдо ва сармоягузории Британияи Кабир дар Туркия, Осиёи Миёна ва Қафқоз Ли Турнер бо сафари серӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Британияи Кабир беш аз 25 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба андозаи 4,4 маротиба зиёдтар аст. Содироти маҳсулот аз Тоҷикистон дар ҳаҷми умумӣ каме бештар аз 1% (291 ҳазор $)-ро  ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.