Интиқоли амволи Британия аз Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев


Имрӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва сафири Британияи Кабир дар ҶТ Робин Орд-Смит созишномаи байнидавлатӣ дар бораи таъмини транзити амволи бритониёӣ аз Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистонро ба имзо мерасонанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Робин Орд-Смит дар ин робита хабар дод, тибқи санади мазкур, тавассути қаламрави Тоҷикистон на танҳо техникаву муҳимоти низомӣ, балки таҷҳизоти корӣ низ интиқол дода мешаванд.

«Мо аз Тоҷикистон дархост мекунем, ки барои хурӯҷи амволамон аз Афғонистон тавассути роҳи ҳавоиву заминӣ имкон фароҳам созад», – иброз дошт ӯ.

Сафир таъкид намуд, ки тавассути қаламрави Тоҷикистон танҳо амволи Британияи Кабир интиқол мегардад. «Оид ба хурӯҷи хизматчиёни низомӣ тариқи қаламрави Тоҷикистон мо гуфтушунид накардаем», – гуфт Робин Орд-Смит.

Ба қавли дипломат тайи 10 соли ахир дар Афғонистон техникаи низомиву таҷҳизоти кории зиёди Британия ҷамъ шуда, ҷараёни хурӯҷи онро то баровардани нерӯҳои низомӣ мебояд ба итмом расонид.

«Дар созишномае, ки имрӯз ба имзо мерасад, дар бораи ба Тоҷикистон додани амволи Британия сухан намеравад ва масъалаи ба ихтиёри ҷумҳурӣ супурдани қисмате аз техникаи низомӣ дар вохӯрии вазирони мудофиаи кишварҳо ахири моҳи апрел баррасӣ хоҳад шуд», – афзуд дипломат. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...