Афзоиши бесобиқаи воридоти гази моеъ дар моҳи март

Дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 23,6 ҳазор тонна ё худ 57% афзуда, 41,8 ҳазор тоннаро ташкил дод. Дар ин бора дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» хабар дода мешавад. Дар гузориш таъкид мегардад, ки моҳи марти соли ҷорӣ ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 23,6 ҳазор тонна ё худ 57% афзуда, 41,8 ҳазор тоннаро ташкил дод. Дар ин бора дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» хабар дода мешавад.

Дар гузориш таъкид мегардад, ки моҳи марти соли ҷорӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 32 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардида, ин ҳам дар ҳолест, ки тӯли ду моҳи аввали сол ҳамагӣ 9,7 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ ворид гардида буд.

Гуфта мешавад, бозори сӯзишвории гази моеъи Тоҷикистон тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан пурра аз гази воридотии Қазоқистон таъмин карда мешавад. Тибқи маълумоти расмӣ тайи ду-се соли ахир бозори сӯзишвории гази моеъи Тоҷикистон густариш ёфта, ба 40% аз ҳаҷми умумии бозор расид. Ба воридоти ин навъи сӯзишворӣ 16 ширкати тоҷикистонӣ машғуланд.

Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва сантати ҶТ, аз оғози сол арзиши ин навъи сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ ба таври қобили мулоҳиза поин рафта, имрӯз нархи 1 литр гази моеъ 2,50-2,90 сомонӣ аст. «Дар оғози сол он ба нархи 3,30-3,60 сомонӣ ба фурӯш мерафт», – гуфтанд дар вазорат ва инро ба поинравии нарх дар Қазоқистон (аз 660 $-и соли 2012 то ба 638 $ дар айни замон барои 1 тонна) нисбат доданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.