Дар робита ба изҳороти Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либералӣ-демократии Русия ва Дмитрий Рогозин, ноиби нахуствазири ин кишвар сафири Русия Юрий Попов ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват шуда, ба ӯ ёддошти ин ниҳоди давлатии Тоҷикистон супурда шуд.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, дар рафти вохӯрӣ нигаронии ҷониби Тоҷикистон нисбати изҳороти пай дар пайи шахсони воломақом ва ҷамъиятии Россия иброз карда шуда, зикр гардид, ки чунин суханҳо ба муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар халали ҷиддӣ ворид месозад.
«Вазъияте, ки дар он аз ҷониби мансабдорони воломақоми давлатӣ ва ҷамъиятии Русия тариқи ВАО нисбати Тоҷикистон суханҳои аз ҳақиқат дур, тӯҳматнок, таҳқиромез ва ғайридӯстона садо медиҳанд, моро нигарон намудааст. Чунин суханҳои таҳқиромез дар барномаи «Поединок»-и шабакаи телевизионии «Россия-1» аз 18 апрели соли 2013 аз ҷониби роҳбари фраксияи ЛДПР дар Думаи давлатӣ В.Жириновский баён гардид, ки натанҳо роҳбари ҷумҳурӣ, балки миллати тоҷикро таҳқир мекунад», – омадааст дар иттилои вазорат.
Дар иттилои ВКХ гуфта мешавад, суханҳои таҳқиромези В.Жириновский, ки элитаи сиёсии Россияро муаррифӣ менамояд ба рӯҳияи дӯстии анъанавии Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ намебошад.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки ҷониби тоҷикистонӣ изҳороти Д.Рогозин, муовини нахуствазири Русияро, ки якчанд маротиба оид ба воридшавии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо роҳи оҳан равонаи Россия ҳастанду гӯё бо шиносномаи дохилии Тоҷикистон хати марзиро убур менамоянд, аз ҳақиқат дур медонад.
«Ба ҷониби Россия расонида шуд, ки тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо роҳи оҳан равонаи Россия мешаванд, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ имконияти хариди чиптаро доранд ва бо дигар ҳуҷҷат аз хатти марзии Тоҷикистон гузашта наметавонанд, зеро қатора аз ду кишвар (Ӯзбекистон ва Туркманистон), ки бо Тоҷикистон низоми раводидӣ доранд, убур менамояд ва ин кишварҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро бо шиносномаи дохилӣ иҷозати гузаштан намедиҳад», – гуфта мешавад дар иттилои ВКХ ҶТ.





