Дар вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо роҳбарияти ширкати Dong Ying Heli Investment Development Co. Ltd байни Кумитаи мазкур ва ин ширкати Чин оид ба ҳамкорӣ ва шарикӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумита, Д.Саидов иброз доштааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар самти беҳбуд бахшидани фаозои сармоягузорӣ тамоми тадбирҳоро андешида истодааст, ки сол аз сол зиёд гардидани сармояи мустақим ба иқтисодиёти Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорӣ, ҳавасмандии ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ дар тендерҳои сармоягузорӣ ва соли гузашта пазируфта шудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо исботи ин гуфтаҳо мебошад.
Ба иттилои манбаъ, роҳбарияти ширкати Dong Ying Heli Investment Development Co. Ltd изҳор намудааст, ки ислоҳотҳои тайи солҳои охир дар Тоҷикистон амалишаванда ва ҳамчунин фазои мусоиди сармоягузории мавҷўда имкон медиҳад, ки ширкат дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара як корхонаи коркарди нафтро бо иқтидори солонаи 1,2 млн. тонна нафти хом тарҳрезӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.
«Дар давраи аввал бунёди корхона бо иқтидори солонаи 300 ҳазор тонна нафти хом дар як сол бо сармоягузории 45-60 млн. доллари ИМА анҷом дода хоҳад шуд», – омадааст дар иттилои хадамоти матбуоти Кумита.
Зимнан зикр гардид, ки Ёддошти тафоҳумро аз ҷониби Кумита раиси Кумита Саидов Д.Ш. ва аз ҷониби ширкати ширкати Dong Ying Heli Investment Development Co. Ltd Го Жоньсян ба имзо расониданд.





