Ширкати чинӣ дар МОИ «Данғара» корхонаи коркарди нафт бунёд мекунад

Дар вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо роҳбарияти ширкати Dong Ying Heli Investment Development Co. Ltd байни Кумитаи мазкур ва ин ширкати Чин оид ба ҳамкорӣ ва шарикӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумита, Д.Саидов иброз доштааст, ки ҳукумати  Тоҷикистон дар самти […]


Дар вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо роҳбарияти ширкати Dong Ying Heli Investment Development Co. Ltd байни Кумитаи мазкур ва ин ширкати Чин оид ба ҳамкорӣ ва шарикӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумита, Д.Саидов иброз доштааст, ки ҳукумати  Тоҷикистон дар самти беҳбуд бахшидани фаозои сармоягузорӣ тамоми тадбирҳоро андешида истодааст, ки сол аз сол зиёд гардидани сармояи мустақим ба иқтисодиёти Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорӣ, ҳавасмандии ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ дар тендерҳои сармоягузорӣ ва соли гузашта пазируфта шудани Тоҷикистон  ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо исботи ин гуфтаҳо мебошад.

Ба иттилои манбаъ, роҳбарияти ширкати Dong Ying Heli Investment Development Co. Ltd изҳор намудааст, ки ислоҳотҳои тайи солҳои охир дар Тоҷикистон амалишаванда ва ҳамчунин фазои мусоиди сармоягузории мавҷўда имкон медиҳад, ки ширкат дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара як корхонаи коркарди нафтро бо иқтидори солонаи 1,2 млн. тонна нафти хом тарҳрезӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.

«Дар давраи аввал бунёди корхона бо иқтидори солонаи 300 ҳазор тонна нафти хом дар як сол бо сармоягузории 45-60 млн. доллари ИМА анҷом дода хоҳад шуд», – омадааст дар иттилои хадамоти матбуоти Кумита.

Зимнан зикр гардид, ки Ёддошти тафоҳумро аз ҷониби Кумита раиси Кумита Саидов Д.Ш. ва аз ҷониби ширкати ширкати Dong Ying Heli Investment Development Co. Ltd Го Жоньсян ба имзо расониданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.