Тақозои муҳайё сохтани шароити мусоиди корӣ барои нозирони минтақавии милиса

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз фаъолияти вазорат дар семоҳаи аввали соли равон натиҷагирӣ шуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар ҷаласа мушкилоту проблемаҳо дар самти иҷрои фармони сарвари давлат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» мавриди […]

ASIA-Plus


Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз фаъолияти вазорат дар семоҳаи аввали соли равон натиҷагирӣ шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар ҷаласа мушкилоту проблемаҳо дар самти иҷрои фармони сарвари давлат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» мавриди муҳокима қарор гирифта, ба сардорони Шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои дахлдор оид ба иҷрои Фармони мазкур дода шуд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов ҷиҳати таъмин намудани нозирони минтақавӣ бо шароити мусоиди корӣ, аз қабили утоқҳои корӣ, таҷҳизоти техникӣ, воситаҳои алоқа ва ҳамкорӣ бо аҳолӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, қайд кард, ки фармони президенти кишвар аз ҷониби баъзе раисони шаҳру ноҳияҳо, ба истиснои ноҳияҳои Шаҳринав ва Варзоб то айни замон иҷро нагардида, масъулони шаҳру ноҳияҳо ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд.      

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосим Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт 

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.