Идомаи мурофиаи «Тоҷирон» ва «Имрӯз News»-у Ф.Воҳидова

Date:


Дар таърихи 30 апрели соли 2013 дар Суди иқтисодии шаҳри Душанбе мурофиаи навбатӣ бо даъвои ҶДММ «Тоҷирон» бо ҷавобгарии Ф. Воҳидова ва рӯзномаи «Имрӯз News» дар бораи бардурӯғ донистани маълумотҳои дар воситаи ахбори умум нашршуда баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти ҶДММ «Тоҷирон» хабар доданд, дар ин мурофиаи судӣ шоҳидон Боев Н. (падари марҳум Боев Фахриддин), Мунаваров Ҷ. (язнаи марҳум Боев Фахриддин) ва ронанда Дастамбуев Н. пурсида шуда, баёнот доданд, ки ҳамаи суханҳои Ф. Воҳидова дар бораи ба Душанбе овардани ҷасади марҳум Боев Ф. ва тамаъ намудани маблағи пулӣ бардурӯғ ва туҳматангез мебошанд.

«Инчунин шоҳидони номбурда тасдиқ намуданд, ки ҳамҷавобгар Ф. Воҳидова пеш аз паҳн намудани хабари бардурӯғ бо онҳо дар тамос нашудааст ва саҳеҳияти ахбори гирифтаашро насанҷидааст», – гуфта мешавад дар иттилои хадамоти матбуоти ҷамъият. Зимнан зикр мегардад, ки ҳолатҳои дар боло овардашуда бори дигар тасдиқ менамоянд, ки Ф. Воҳидова дар бораи ҷамъияти «Тоҷирон» хабарҳои беасос ва туҳматангезро паҳн намудааст. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...