Оғози кофтуковҳо дар манзил ва дафтари кории З.Саидов

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар манзили зист ва дафтари кории собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ кофтуов гузарониданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои Саидов хабар дод, дар манзили зисти бародарони Зайд Саидов низ кофтуков сурат гирифта, адвокат Исҳоқ Табаров дар […]

ASIA-Plus


Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар манзили зист ва дафтари кории собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ кофтуов гузарониданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои Саидов хабар дод, дар манзили зисти бародарони Зайд Саидов низ кофтуков сурат гирифта, адвокат Исҳоқ Табаров дар ин кофтуковҳо ҳузур дорад.

Ба қавли ӯ, то ҳанӯз ба ҳимоятгарон муяясар нашудааст, ки бо зерҳимояи худ дидору мулоқот кунанд. «Аз субҳ ман дар назди бинои Агентӣ қарор дорам, вале барои дидор бо зерҳимояам иҷозат нагирфтаам, ҳарчанд тибқи қонун, ба дастрасии бемамониат бо ӯ ҳуқуқ дорам», – таъкид дошт Ш.Қудратов.

Дар робита ба боздошти собиқ вазири саноати ҶТ Зайд Саидов Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ

иттилоия пахш намуд

. Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст