Зайд Саидов ба адолат умедвор буда метавонад?

Дар суҳбат бо ОИ «Азия-Плюс» ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова дар робита ба қазияи Зайд Саидов чунин ибрози андеша намуд, ки тибқи моддаҳои ба айбдории ӯ пешниҳодшуда, ӯ метавонад ба муҳлати то 15-16 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад. Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Саидовро дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои […]

ASIA-Plus


Дар суҳбат бо ОИ «Азия-Плюс» ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова дар робита ба қазияи Зайд Саидов чунин ибрози андеша намуд, ки тибқи моддаҳои ба айбдории ӯ пешниҳодшуда, ӯ метавонад ба муҳлати то 15-16 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Саидовро дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнин аз қабили гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 319), қаллобӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 247), суистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор медонад.

Ба гуфтаи Воҳидова, агар Саидов маблағи зарари ҷиноёти иқтисодиашро пардохт карда, аз ҷазо дар шакли маҳрумият аз озодӣ раҳо ёбад ҳам, тибқи моддаи гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 319), суд метавонад ӯро ба муҳлати аз 7 то 12 соли зиндон маҳкум намояд.

Ҳамчунин Зайд Саидов ба гирифтани пора дар ҳаҷми

100 ҳазор доллари ИМА

муттаҳам карда мешавад. Дар маросими рӯбарӯкунӣ бо Низомхон Ҷӯраев Зайд Саидов иттиҳоми мазкурро пурра инкор кард. Собиқ директори корхонаи кимиёи Исфара Низомхон Ҷӯраев изҳор намудааст, ки соли 2005 барои ҳалли масъалаи хусусигардонии корхона, ки ғайриқонунӣ шуморида мешуд, ба вазири ҳамонвақтаи саноат Зайд Саидов дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари ИМА пора додааст.

Сиёсатмадор ва рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ба айбдории Саидов ва ҳамчунин адолати судӣ нисбати тоҷир бовар надорад. Ба қавли ӯ, тафтиши парвандаи исфарагиҳо тӯли чанд сол идома дорад, вале то имрӯз ҳеҷ касе дар бораи даст доштани Саидов ба ин парванда ҳарфе нагуфта буд.

«Мутаассифона, воқеияти Тоҷикистон чунин аст, ки ҳар касе хоҳиши иштирок дар идораи кишварро дошта бошад ва ҳатто нияти неку баҳри ободии мардум ва ватан талош варзиданӣ бошад, ӯро «қасос» интизор аст. Албатта, ин мухолифи Сарқонун аст, аммо чӣ ҳам метавон кард?», – иброз дошт Тӯраҷонзода.

Ғайр аз ин, Тӯраҷонзода хотиррасон мекунад, ки то аз ҷониби Н.Ҷӯраев хусусигардонии корхонаи кимиё («Химзавод»), он дар тавозуни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ қарор дошт. «Охир Вазорати саноат мустақилона корхонаро нафурӯхта буд-ку, то ки барои ин пора бигирад. Бо қарори ҳукумат, ки аз ҷониби президент ба имзо расида буд, корхона аввал ба тавозуни Кумитаи мазкур гузаронида шуда, сипас ин Кумита иншооти мазкурро фурӯхт. Ин ҷо Саидов чӣ муносибате дорад, ки имрӯз ӯро ба хусусигардонии ғайриқонунии корхона мутттаҳам созанд?», – гуфт номбурда.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл ба идораи як қатор ВАО маводе ирсол гардид, ки дар он перомуни ҳаёти шахсӣ ва фаъолияти Зайд Саидов то ва баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ҳамчунин гӯё иртиботи ӯ бо муассисони Ҳаракати исломии Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода маълумот дода мешавад.

Ба эътиқоди худи Тӯраҷонзода, тайи 10 соли ахир ӯ бо Зайд Саидов ҳеҷ робитае надошт. «Ҳамчун инсон гуфта метавонам, ки ҳар кадоме аз мо метавонад ба чунин вазъ гирифтор шавад», – изҳор намуд ӯ.

Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, чун дар Тоҷикистон усули тақсимоти ҳокимият амал намекунаду мақомоти адолати судӣ ба ҳокимияти иҷроия вобастаанд, боадолатона анҷом пазируфтани қазияи Саидовро набояд интизор шуд.

«Ин ҳалли мушкилоти дорои хусусияти ҳуқуқӣ набуда, бинобар сабаби нияти таъсиси ҳизби нав аз ҷониби як гурӯҳ бо сарварии Зайд Саидов, қазия ангезаи сиёсӣ ба бар кард ва маъмулан ҳалли он ба иродаи сиёсии роҳбарияти кишвар вобаста аст», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки санаи 10-уми май прокуратураи шаҳри Душанбе дар бораи ба серзанагӣ мутааҳам дониста шудани Зайд Саидов хабар дод. Сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистон тафтиши ҳамаҷонибаи корхонаҳои мутааллиқ ба Саидовро оғоз намуданд. Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки бадномкунии густардаи Зайд Саидов бинобар сабаби нияти аз ҷониби ӯ таъсис додани ҳизби нав сурат гирифтааст.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.