Дарвоз: Дарёфти ҷасади наврас баъди 18 рӯз

Ҷасади толибилми синфи 8-уми ноҳияи Дарвоз Парвиз Вазирбеков, ки бо сабабҳои номаълум рӯзи 1-уми май фавтида буд, ахири ҳафтаи гузашта дар дарёи Панҷ, чанд километр дуртар аз ҷойи ҳодиса дарёфт гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ТҶ  «Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир» Манучеҳр Холиқназаров хабар дод, акнун баҳри муайян кардани сабаби ҳалокати наврас ташхис гузаронида мешавад. Аз […]

ASIA-Plus


Ҷасади толибилми синфи 8-уми ноҳияи Дарвоз Парвиз Вазирбеков, ки бо сабабҳои номаълум рӯзи 1-уми май фавтида буд, ахири ҳафтаи гузашта дар дарёи Панҷ, чанд километр дуртар аз ҷойи ҳодиса дарёфт гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ТҶ  «Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир» Манучеҳр Холиқназаров хабар дод, акнун баҳри муайян кардани сабаби ҳалокати наврас ташхис гузаронида мешавад.

Аз рӯи ин далел ду нафар марзбонон, хизматчиёни қисмиии низомии мустақар дар Қалъаи Хумб боздошт шуданд.

Толибилми синфи ҳаштум, сокини ноҳияи Дарвоз Парвиз Вазирбеков мудом бо сарбозони қисми низомӣ дар робита буда, ба ивази сӯзишворӣ онҳоро бо маҳсулоти зарурӣ таъмин мекард. Муомилоти навбатии шоми 1-уми май барои ӯ фоҷеабор анҷомид.

Қаблан Галимат Аҳмедов, ки ба ҷониби ҷабрдида кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад, ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуда буд, ки муфаттишон сабаби марги ноболиғро таҳқиқ доранд, вале бештар бар ин назаранд, ки сарбозон аз тарси ошкор нашудани муомилоти ғайриқонуниашон бо маводи сӯзишворӣ, кӯдакро дар зарфи дорои сӯзишворӣ пинҳон карда, ӯ дар онҷо нафасгир ва ба ҳалокат расидааст.

«Баъди рафъи хатари ошкор гардидан сарбозон омада сарпӯши зарфро мекушоянд, вале кӯдак аллакй фавтида буд ва ҷасади ӯро онҳо ба дарё мепартоянд. Ҷасади кӯдак то ҳанӯз дарёфт нашудааст», – зикр кард Аҳмедов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.