Тасдиқи созишномаи канорагирӣ аз андозбандии дукарата бо Финландия

Date:


Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Финландия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя бидуни баррасӣ ва якдилона тасдиқ гардид.

Созишномаи мазкур 24 октябри соли 2012 дар шаҳри Хелсинки зимни сафари сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Финландия ба имзо расида буд.

Зимни шарҳи ҷузъиёти созишнома ба вакилон вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳори итминон кард, ки пас аз тасдиқи он дар парлумонҳои ҳарду кишвар муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Финландия дар бахшҳои иқтисоду гидроэнергетика, сайёҳиву кишоварзӣ ва саноати кӯҳкорӣ густариш хоҳанд ёфт.

«То имрӯз ҳукумати мо бо 25 кишвари дунё чунин созишномаҳо ба тасвиб расонида, таҷриба гувоҳи он аст, ки онҳо ба афзоиши ҳаҷми муомилоти молӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ мусоидат мекунанд», – таъкид дошт вазир.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...