Эрон таҷҳизоти ба Тоҷикистон воридшудаи шабакаи муштараки телевизиони форсизабонон – «Наврӯз»-ро бозпас гирифтанист.
Таҷҳизоти арзишаш баробар ба 2 млн. евро барои таъсиси шабакаи телевизиони форсизабонон бо қароргоҳ дар Душанбе муддати 7 моҳ аст, ки дар анбори терминали гумрукии Душанбе қарор дорад, зеро Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои воридоти он пардохти 400 ҳазор доллари ИМА боҷи гумрукиро тақозо дорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Эрон дар Душанбе хабар доданд, ин таҷҳизоти муосири телевизионии истеҳсоли Олмон буда, аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба онҳо ваъда додаанд, ки масъалаи мазкурро мусбат ҳал мекунанд, вале ҳалли он ба дарозо мекашад ва дар сурати водор намудан ба пардохти боҷи гумрукӣ, таҷҳизот ба Эрон баргардонида хоҳад шуд.
Аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҷониби Эрон асноди тасдиқкунандаи пардохт нашудани боҷи гумрукӣ барои ин таҷҳизотро надорад, вале сарфи назар аз ин, онҳо ба ҳукумат ҷиҳати ҳалли мусбати ин масъала муроҷиат кардаанд.
Қаблан дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар ин робита изҳор дошта буданд, ки дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ таҷҳизоти мазкур бояд аз пардохти боҷи гумрукӣ озод бошад. Дар сафорати Эрон ҳамчунин гуфта буданд, қаблан як қисмати таҷҳизоти шабакаи телевизионӣ ба Душанбе интиқол дода шуда буд, вале он замон дар бораи пардохти боҷи гумрукӣ сухан намерафт. Ин нуктаро моҳи январи соли 2012 раиси Кумитаи радиову телевизиони ҷумҳурӣ Асадулло Раҳмонов низ тасдиқ намуда буд.
Ахири моҳи январи соли равон, сухангӯи Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдураҳим Умариён дар робита ба масъалаи воридоти таҷҳизот барои шабакаи телевизионии форсизабонон, ки аз Эрон оварда шудааст, изҳор кард, ки он дар анбори терминали гумруки шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.
Ба қавли ӯ, то ҳанӯз ба Хадамоти гумрук асноди зарурӣ барои пардохти боҷи гумрукӣ ба ин таҷҳизот пешниҳод нашудаанд. «Агар таҷҳизот бевосита барои сафорати Эрон дар Тоҷикистон таъин шуда бошад, он аз пардохти боҷи гумрукӣ озод аст, вале агар он аз ҷониби сафорат истифода нагардад, пас пардохти боҷи гумрукӣ сарфи назар аз маблағи таҷҳизот ҳатмӣ аст», – гуфта буд вай.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти қаблии хабаргузории REGNUM, дар ин масъала Тоҷикистону Эрон талаботи Афғонистонро сарфи назар кардаанд. Афғонистон то ҳанӯз исрор меварзад, ки шабакаи телевизионӣ бояд бо забни пашту низ барномаҳо пахш намояд, зеро қисмати аксари аҳолии ин кишвар бо забони пашту гуфтугӯ мекунанд. Ҳамчунин масъалаи сарулибоси шореҳони шабака низ мавриди ихтилофи назари ҷонибҳо қарор дорад. Дар шабакаҳои телевизионии Эрону Афғонистон намоиши занон бидуни ҳиҷоб манъ аст.
Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли 2006 зимни мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон дар Теҳрон оид ба таъсиси шабакаи телевизионии муштараки форсизабонон мувофиқа ҳосил шуд. Моҳи марти соли 2008 дар ҷараёни вохӯрии сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар Душанбе дар бораи таъсиси шабакаи телевизионии муштараки се кишвари форсизабон низ чунин тасмим гирифта шуд. Ҳамчунин қарор шуда буд, ки студияи марказии шабакаи телевизионӣ дар шаҳри Душанбе ҷойгир хоҳад шуд.




