Агрегати дуюми нерӯгоҳи Сантӯда-2 интизори Аҳмадинажод аст

Сарфи назар аз омода будани агрегати дуюми нрӯгоҳи «Сангтӯда-2» барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додан, маросими ба истифода додани он доимо ба таъхир гузошта мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд, барои баргузории маросими расмии мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати дуюми нерӯгоҳ онҳо ташрифи расиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистонро интизорӣ […]

ASIA-Plus


Сарфи назар аз омода будани агрегати дуюми нрӯгоҳи «Сангтӯда-2» барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додан, маросими ба истифода додани он доимо ба таъхир гузошта мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд, барои баргузории маросими расмии мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати дуюми нерӯгоҳ онҳо ташрифи расиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистонро интизорӣ доранд.

Ба иттилои манбаъ, қаблан сафари президенти Эрон ба Тоҷикистон 25-уми моҳи марти соли равон пешбинӣ шуда, баъдан он ба нимаи моҳи апрел мавқуф гузошта шуд. «Айни замон мо ҳатто тахминан ҳам огаҳ нестем, ки раисҷумҳури кишвар кай ба Тоҷикистон ташриф меорад ва ба таъхир афтодани сафар шояд ба маъракаи интихоботи қарибулвуқӯъи президенти Эрон марбут бошад», – гуфтанд дар сафорат.

Мавриди зикр аст, ки маросими мавриди истифода қарор гирифтани агрегати якуми нерӯгоҳи Сангтӯда-2 низ санаи 5-уми сентябри соли 2011 бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод доир гардида буд. Пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи Сангтӯда-2 иқтидори солонаи истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон 1 млрд. кВт/соат зиёд мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи феврали соли равон, сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон

аз ШСХК «Барқи тоҷик» тақозо намуд

, ки қарзаш ба нерӯгоҳи обиву барқии Сангтӯда-2-ро пардохт кунад. Бахши иқтисодии сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба ширкати «Барқи тоҷик», тақозо намуд, ки то замони ташрифи президенти ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон, масъалаи пардохти қарз дар ҳаҷми 12 млн. доллари ИМА-ро ҳаллу фасл кунад.

Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 лоиҳаи муштараки Эрону Тоҷикистон буда, ҳиссаи Тоҷикистон дар он 40 млн. $ ва ҳиссаи Эрон 180 млн. $-ро ташкил медиҳад. Айни замон танҳо яке аз агрегатҳои нерӯгоҳ бо иқтидори 110 МВт мавриди амал қарор дошта, бо фаъол шудани агрегати дуюми нерӯгоҳ иқтидори он 220 МВт-ро ташкил хоҳад дод.

Майдони сохтмони нерӯгоҳи барқии Сангтӯда-2 дар 120 километрии ҷанубу шарқи Душанбе воқеъ аст. Сохтмони иншоот панҷ сол қабл оғоз гардида, даромади 12,5 соли аввали кори он ба ихтиёри Эрон вогузор хоҳад шуд. Пас аз ин нерӯгоҳ пурра ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.