Дар макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон соли равон занги охир санаи 7-уми июн садо медиҳад. Имсол занги камолот барои 109 ҳазору 527 нафар толибилмон садо хоҳад дод, ки 49,5 ҳазор нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, тасмими баргузории занги охир рӯзи 7-уми июн ба хотири пурра ба анҷом расонидани барномаи 34-ҳафтаинаи мактабӣ қабул шудааст.
«Бинобар сабаби таҷлили ҷашну чорабиниҳои зиёде дар кишвар, мо барномаи мактабиро ба итмом расонида натавонистем ва аз ин рӯ, оид ба идомаи таҳсил дар макотиби таҳсилоти умумӣ то санаи 7-уми июн тасмим гирифта шуд», – гуфтанд дар вазорат.
Ёдрас мекунем, ки соли равон Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо назардошти сард омадани зимистони имсола таътили тирамоҳӣ ва баҳории толибилмони макотиби таҳсилоти умумиро бекор карда, аз ин ҳисоб таътили зимистонаро ба муддати 1 моҳ муқаррар намуд. Муддати ду сол аст, ки аз ин таҷриба кор гирифта мешавад.
Вазорати маориф ин амалро ба беҳбуди шароити баргузори чорабиниҳои гуногун, аз қабили баргузор кардани давраҳои омӯзишии такмили ихтисоси омӯзгорон, инчунин олимпиадаҳо барои толибилмон рабт медиҳад, то ки омӯзгорону хонандагон аз ҷараёни таълим барканор нагарданд.




