Кумитаи умури дини назди ҳукумати Тоҷикистон дар мувофиқа бо ширкати хизматрасони Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ нархи ҳаҷи соли 2013-ро 17 ҳазору 625 сомонӣ (беш аз 3 ҳазору 710 доллари ИМА тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон) муқаррар намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, дар ин маблағ чиптаи ҳавопаймо (рафту баргашт), маблағи авоид (боҷи шоҳӣ), иҷораи меҳмонхонаҳо дар шаҳрҳои Макка ва Мадина, се маротиба хӯрок дар як рӯз, хидмати роҳбаладон , кӯмаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди касалиҳои сироят кунанда, ҷузвдон, сару либос ва ғайраҳо дар назар дошта шудааст.
Қобили зикр аст, ки соли равон зиёда аз 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ба адои маросими ҳаҷ раҳсипор хоҳанд шуд. Соли гузашта адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён – 3 ҳазору 546 $ ва соли 2011 – 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.




