Интихоби раиси нави бахши ҲНИТ дар Хуҷанд

Дар маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд конфронси навбатии ҳисоботиву интихоботии шуъбаи шаҳрии ҲНИТ баргузор гардида, ҳайати нави раёсат интихоб шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар конфронс аз 40 нафар вакили даъватшуда 28 нафар иштирок доштанд. «Пас аз шунидани ҳисоботи мақомоти раҳбарии бахши шаҳрии ҲНИТ ҳайати раёсати шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд […]

ASIA-Plus


Дар маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд конфронси навбатии ҳисоботиву интихоботии шуъбаи шаҳрии ҲНИТ баргузор гардида, ҳайати нави раёсат интихоб шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар конфронс аз 40 нафар вакили даъватшуда 28 нафар иштирок доштанд.

«Пас аз шунидани ҳисоботи мақомоти раҳбарии бахши шаҳрии ҲНИТ ҳайати раёсати шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳайати 11 нафар интихоб шуд, ки 3 нафарашон занон мебошанд. Аъзои раёсат аз ду номзад ба раиси шуъба Нуъмонҷон Очиловро, ки то имрӯз сарпарастии шуъбаро баҷо меовард, раиси шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд интихоб карданд», – гуфта мешавад дар иттилои сомона.

Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Хуҷанд 1032 нафар наҳзатиён фаъолият доранд, ки аз онҳо  40 дарсадро бонувон ташкил медиҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар кори конфронс ҳайати ҲНИТ иборат аз Воҳидхони Қосиддин, раиси дастгоҳ,  Саидиброҳими Муҳаммадназар ва Зурафо Раҳмонӣ мушовирони раиси ҲНИТ ва раиси бахши занони ҲНИТ Парвина Иброҳимзод иштирок доштанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.