Бозгашти якумрии Бозор Собир ба ватан

Чанде қабл шоири саршиноси тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар бахши адабиёт Бозор Собир аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ватан баргашт. Бино ба иттилои шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон, шоир муддати ду даҳсола дар ИМА иқомат дошта, охирин гурезаи ҷанги шаҳрвандист, ки ба ватан баргаштааст. Дар фурудгоҳи пойтахт Бозор Собирро намояндагони Дастгоҳи иҷроияи сарвари […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл шоири саршиноси тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар бахши адабиёт Бозор Собир аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ватан баргашт.

Бино ба иттилои шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон, шоир муддати ду даҳсола дар ИМА иқомат дошта, охирин гурезаи ҷанги шаҳрвандист, ки ба ватан баргаштааст.

Дар фурудгоҳи пойтахт Бозор Собирро намояндагони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, дӯстону ҳамқаламон ва рӯзноманигорон пешвоз гирифтанд.

Дар мусоҳиба ба шабакаҳои телевизион шоир изҳор намуд, ки бо даъвати президент ӯ якумра ба ватан баргашта, ҳамчунин таъкид дошт, ки ҳоло ҳам дар рушди ҷомеа саҳмгир буда метавонад.

Бозор Собир аз зиёини кишвар даъват ба амал овард, ки атрофи сарвари давлат муттаҳид шаванд ва изҳори тааҷҷуб намуд, ки аҳзоби зиёди сиёсӣ барои Тоҷикистони кӯчак чӣ зарурате дорад.

«Дар Тоҷикистон аз ҳад зиёд авомфиребони нозарур пайдо шудаанд, ки бояд ҷояшонро ба нерӯҳои солимфикр диҳанд», – таъкид кард шоир.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.