Душанбеву Бишкек хостори ҳалли масоили марзианд

Аз рӯи натоиҷи гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек изҳороти муштараки сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Алмазбек Атамбаев қабул шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сарони кишварҳо бо қаноатмандӣ зикр карданд, ки таҳкими минбаъдаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҳамсоягии нек ва иттифоқчигии Тоҷикистону Қирғизистон ба манфиатҳои миллии ду давлат ҷавобгӯ буда, ба амнияти […]

ASIA-Plus


Аз рӯи натоиҷи гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек изҳороти муштараки сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Алмазбек Атамбаев қабул шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сарони кишварҳо бо қаноатмандӣ зикр карданд, ки таҳкими минбаъдаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҳамсоягии нек ва иттифоқчигии Тоҷикистону Қирғизистон ба манфиатҳои миллии ду давлат ҷавобгӯ буда, ба амнияти минтақавӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

«Тарафҳо саъйю кӯшиши муштаракро оид ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳамаи арсаҳои фаъолият ба хотири таъмиқ ва баровардани он ба сатҳи баландтари шарикӣ идома хоҳанд дод.», – таъкид мегардад дар изҳорот, ки аз 14 банд иборат аст.

Дар зер чанде аз бандҳои муҳимро зикр менамоем:

– Тарафҳо тазаккур доданд, ки дар ҷодаи таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории ду давлат ва фароҳам овардани ояндаи неки онҳо ба итмом расонидани раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон хеле муҳим мебошад. Дар ин робита Тарафҳо аҳамияти кори фаъолтари Комиссияи дуҷонибаи байниҳукуматиро оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар рӯҳияи муносибатҳои дӯстона, ҳусни тафоҳум ва эътимод, бо дарназардошти манфиатҳои ду ҷониб ва риояи усулҳои созиш кардану розигии мутақобила таъкид намуданд.

Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои низоию ҷанҷолӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар Тарафҳо ба ҳукуматҳои давлатҳои худ супориш доданд, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин созишномаи байниҳукуматиро дар бораи манъи сохтмон ва фаъолияти хоҷагӣ қад-қади хатти сарҳад то ба анҷом расидани раванди делимитатсия ва демаркатсия ва барасмиятдарории ҳуқуқии он мувофиқа ва имзо намоянд;

– Тарафҳо ба густариши минбаъдаи ҳамкории стратегӣ оид ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетика ва пешбурди сиёсати мувофиқашудаи обиву энергетикии ду давлат аҳамияти махсус медиҳанд;

– Тарафҳо ҳуқуқи комилу дахлнопазири давлатҳои худро ба рушди гидроэнергетика ба мақсади таъмини инкишофи устувори иҷтимоиву иқтисодӣ тазаккур медиҳанд. Тарафҳо таъкид мекунанд, ки дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим рушди гидроэнергетика – ҳамчун манбаи нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва таҷдидшаванда – барои тамоми минтақа ҳаётан муҳим мебошад. Тарафҳо мавқеи ошкорову возеҳ ва созандаи худро дар мавриди истифодаи захираҳои обу энергетика дар асоси усулҳои эҳтирому суди мутақобила таъйид менамоянд;

– Ҳамкориро дар соҳаи энергетика яке аз самтҳои калидии ҳамкориҳои дуҷониба эътироф намуда, Тарафҳо зарурати ҳамкории фаъолро дар доираи татбиқи амалии лоиҳаҳои бунёди хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла лоиҳаи бунёди хатти минтақавии интиқоли нерӯи барқи Осиёи Миёна – Осиёи Ҷанубӣ «CASA-1000» таъкид намуданд;

– Ба хотири рушду тавсеаи тиҷорат ва робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ Тарафҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки оид ба рушди шабакаи роҳҳои автомобилӣ ва оҳан дар қаламрави худ ва ҳамчунин бо кишварҳои сеюм тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Дар ин иртибот, Тарафҳо муҳим будани фаъолгардонии корҳоро марбут ба анҷоми истиқрору навсозии роҳи мошингарди «Душанбе-Ҷиргатол-Қармиқ-Саритош», ки имкониятҳои иртиботии ду кишвар ба таври қатъӣ фаррох месозад, таъкид намуданд;

– Тарафҳо нисбат ба масъалаҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти марбута зоҳир намуданд;

– Тарафҳо нисбат ба мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, аҳамияти калони робитаҳоро миёни муассисаҳои таълимӣ, созмонҳо ва ходимони фарҳангу санъат, марказҳои илмиву тадқиқотӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори умум, густариши онҳоро дар бахшҳои варзишу сайёҳӣ таъкид карданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.