Аз рӯи натоиҷи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон, ки санаи 27-уми май дар Бишкек доир гардид, миёни кишварҳо 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, миёни Тоҷикистону Қирғизистон Созишнома миёни Комиссияи аттестатсионии Тоҷикистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмии педагогии тахассуси олӣ ва Комиссияи олии аттестатсионии Қирғизистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр ва аттестатсия намудани кадрҳои илмӣ ва илмии педагогии тахассуси олӣ; Протокол миёни Хадамоти гумруки наздиҳукумати Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки назди ҳукумати Қирғизистон дар бораи ташкили мубодилаи маълумот доир ба интиқоли молҳо ҳангоми савдои миёни кишварҳо ва барасмиятдарории гумрукии онҳо ба тасвиб расиданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин Созишномаҳои байниҳукуматӣ доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш; оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ (муҳофизат), огоҳсозӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда; оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ; оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ; Қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии кишварҳо “Дар бораи ҳамкорӣ барои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон”; “Дар бораи фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба”; «Дар бораи сохтмони роҳи оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон» ва Изҳороти муштараки президенти Тоҷикистон ва президенти Қирғизистон ба имзо расиданд.




