Дарёфти гумонбарони куштори пурсарусадо дар тарабхонаи «Шаҳрисабз»

Кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ гумонбарони ҳодисаи куштор дар меҳмонхонаи «Шаҳрисабз»-и пойтахтро, ки шаби 27 ба 28-уми феврали соли равон рух дода буд, дастгир карданд. Бино ба иттилои сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев, ин ҷиноят бар асари муноқишаи ду гурӯҳи ҷавонон ба вуқӯъ пайваста, он замон дар ҷойи ҳодиса аз зарби корд Саъдӣ […]

ASIA-Plus


Кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ гумонбарони ҳодисаи куштор дар меҳмонхонаи «Шаҳрисабз»-и пойтахтро, ки шаби 27 ба 28-уми феврали соли равон рух дода буд, дастгир карданд.

Бино ба иттилои сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев, ин ҷиноят бар асари муноқишаи ду гурӯҳи ҷавонон ба вуқӯъ пайваста, он замон дар ҷойи ҳодиса аз зарби корд Саъдӣ Сатторов ҳалок ва Азим Асоев ба бемористон мунтақил шуда буданд. Ҷинояткорон дарҳол аз он макон ғайб зада буданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни як амалиёт гумонбарон Насим Муҳиддинов, Дилшод Наимов ва Ҳусейн Ҳамроқулов дар қаламрави шаҳри Душанбе ва Ҷаҳонгир Муродову Абдулҳаким Ахиев дар вилояти Суғд боздошт шудаанд.

«Абдулҳаким Ахиев аз ҷои будубоши шахсони содирнамудаи ин ҷиноят хабар дошта, бо гирифтани маблағи муайяни пулӣ гуманбаршудагонро пинҳон ва барои аз тафтишот ғайб задани ин нафарон мусоидат кардааст», – гуфт манбаъ.

Гуфта мешавад, ду нафари дигар Шералӣ Муродов ва Сайфулло Кабутов, ки аз тафтишот пинҳон гардида, марзи ҷумҳуриро тарк намуда буданд, чун гумонбаршудагони ин ҷиноят дар ҳудуди шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар натиҷаи амалиёти муштараки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳарду кишвар дастгир гардида, имрӯз ба Тоҷикистон интиқол дода шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки бо гузаронидани амалиёти зарурии фаврӣ-тафтишотӣ олоти ҷиноят-ду адад корд ва дигар далелҳои шайъӣ ёфта гирифта шуданд.

Айни ҳол нисбати чор нафар шахсони дигари содирнамудаи ҷиноят, ки аз тафтишот пинҳон шудаанд, кофтуков эълон гардида, тафтиши парвандаи ҷиноятии мазкур дар Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷинояти махсусан муҳими Прокуратураи генералии ҷумурӣ идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.