ҲДТ: «Вазъ дар Тоҷикистонро метавон буҳронӣ номид»

Чанде қабл дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сиёсии Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар баррасӣ шуда, он буҳронӣ арзёбӣ шуд. Дар изҳороти интишоршудаи ҲДТ дар ин робита зикр мегардад, ки «албатта, мо гуфтан намехоҳем, ки вазъи феълии кишварро бояд аз ҳад зиёд бӯҳронӣ тасвир кард вале, бовуҷуд, дар назардошт бо рӯйдодҳои ахир ва бархӯрдҳо […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сиёсии Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар баррасӣ шуда, он буҳронӣ арзёбӣ шуд.

Дар изҳороти интишоршудаи ҲДТ дар ин робита зикр мегардад, ки «албатта, мо гуфтан намехоҳем, ки вазъи феълии кишварро бояд аз ҳад зиёд бӯҳронӣ тасвир кард вале, бовуҷуд, дар назардошт бо рӯйдодҳои ахир ва бархӯрдҳо ба онҳо, ҳамчунин инъикоси ин ҳодисаҳо тариқи воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи мамлакат, ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар сурати ба хулосаи дуруст ва саривақтӣ наомадани нерӯҳои сиёсии кишвар, назари бетафовутона доштани ниҳодҳои ҳукуматӣ ба ҳолати мавҷуда, ахиран бо вазъияте рӯ ба рӯ омаданамон имкон дорад, ки паёмадҳои он барои касе маълум нахоҳад буд».

«Бахусус дар соле, ки Тоҷикистонро маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи президенти Тоҷикистон интизор аст, имкони истифода ва суистифода аз ҳар ҳодиса ва рухдодҳои дохилӣ аз ҷониби нерӯҳои фурсатталаб, ҳангомаҷӯи ватанӣ ва хориҷӣ вуҷуд дорад», – баён мегардад дар изҳорот.

Ҳизби демократии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки имрӯз зарурати ба ҳам омадану сари гуфтушунид нишастани нерӯҳои сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст.

«Нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон, ки дар дохил фаъолият доранд, вазъи умумии кишварро ба хубӣ медонанд ва онро таҳлил карда ҳам метавонанд. Аз ин рӯ, ҳар нерӯи дигареро, ки аз хориҷи кишвар мехоҳад ба рӯйдодҳои Тоҷикистон таъсир гузорад, ба сифати воситаи таъсиррасони кишварҳои хориҷӣ қабул намуда, онҳоро эътироф намекунанд. Имонамон комил аст, ки мо – нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ як принсипи умумӣ дорем: Хонаамонро мо худамон обод мекунем, фақат бо ҳам!», – изҳор медорад Шӯрои сиёсии ҳизб.

ҲДТ пешниҳод месозад, ки бояд муколамаи нерӯҳои фаъоли сиёсӣ дар чорчӯбаи як созмон ва доимӣ сурат бигирад. «Бегуфтугӯ Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки беш аз 15 сол фаъолият дорад, метавонад минбаре барои муколамаҳои мо бошад. Дуруст аст, ки бо сабабу ҳолатҳои гуногун нерӯҳои сиёсии кишвар ба ин созмон бархӯрдҳои мухталиф доштанд ва дар натиҷа қисмате аз ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои сиёсӣ – иҷтимоӣ фаъолияти худро дар ин созмон қатъ карданд. Аз ҷумла, раҳбарияти пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон», – омадааст дар изҳорот.

Дар идома гуфта мешавад, фаъолият дар доираи Шӯрои ҷамъиятӣ метавонад барои ҳамагон фурсати хуби ҳалли мушкилот ва шунидани ҳарфи ҳамдигариро фароҳам орад. «Дар робита, ҲДТ чанде пеш дархости аз нав ба даст овардани узвият дар Шӯрои ҷамъиятиро карда буд ва зимнан, аз ҳамаи аҳзоби дигари сиёсӣ, ки фаъолияти худро дар ин созмон қатъ карда буданд, вале ояндаи Тоҷикистон барояшон муҳим аст,  низ даъват мекунем, ки ба фаъолият дар доираи Шӯрои ҷамъиятӣ баргарданд», – изҳор мегардад дар изҳорот.

Ҳамчунин Ҳизби демократии Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки мебояд мақоми Шӯрои ҷамъиятиро тағйир дода, онро бо Шӯрои машваратии назди президенти Тоҷикистон иваз намуд. «Дар ин сурат, мақому арзиши тасмимҳои ин Шӯро барои ниҳодҳои давлатӣ, институтҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ  бамаротиб болотар хоҳад рафт», – қайд гардидааст дар изҳорот.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.