Роҳбари нави Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон Маркус Мюллер бо намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мулоқот ороста, бо барномаҳои пешазинтихоботии онҳо шинос шуд.
Зимни суханронӣ назди ҳозирин раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров изҳор намуд, ки « имсол соли мушкил буда, барои ҳама, аз ҷумла роҳбари нави САҲА имтиҳони демократия хоҳад буд, зеро тайи 10 соли ахир САҲА ба таври қобили мулоҳиза имиҷи худро аз даст дод, бахусус дар ин робита, ки ба сифати нозири байнулмилалӣ хулосагирӣ намуда, он минбаъд дар мақомоти болоии созмон дастгирӣ намеёбад».
Зимни муколама намояндагони аҳзоби сиёсӣ аслан перомуни интизорӣ доштан аз дастгирии САҲА ибрози назар карданд.
Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ», Р.Зойиров зикр кардааст, ки «мо ба ягон кумаку ёрии ин созмон ниёз надорем ва ягона талабамон ин аст, ки САҲА дар мавриди интихобот мавқеи худро дошта бошад ва риояву амалӣ шудани принсипу меъёрҳои байналмилалиро дар мавриди интихобот талаб кунад».
Дар мулоқот роҷеъ ба эътилоф муколамаи муфассал сурат гирифта, иштирокдорон ба хулосае расиданд, ки эътилоф ғайрирасмӣ бидуни ҳама гуна иҷозат метавонад таъсис доад шуда ва ба фаъолият пардозад. «Вале мушкилоти ягона дар он ифода меёбад, ки блоки интихоботии эътилофи аҳзоби сиёсӣ ё ҷомеаи шаҳрвандӣ субъекти ҷараёни интихобот буда наметавонад, яъне номзад ба мансаби президентӣ ё вакилиро пешбарӣ карда наметавонад», – иброз доштааст Зойиров.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили дигар марбут ба интихоботи қарибулвуқуъи президентӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуда, намояндаи САҲА изҳор намуд, ки ҷиҳати баррасии масоили мазкур вохӯриҳои иловагӣ созмон дода мешаванд.


