Вохӯрии Г.Шералӣ бо ҳамтоҳои эронӣ ва русиягии худ

Имрӯз дар ҳошияи Нахустин Форуми энергетикии Осиё ва Уқёнусия дар шаҳри Вадивосток вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо вазири энергетикаи Русия Александр Новак ва вазири нирӯи Эрон Маҷид Номҷӯ мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқотҳои мазкур масъалаҳои густариши бештари ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Русия ва […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар ҳошияи Нахустин Форуми энергетикии Осиё ва Уқёнусия дар шаҳри Вадивосток вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо вазири энергетикаи Русия Александр Новак ва вазири нирӯи Эрон Маҷид Номҷӯ мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқотҳои мазкур масъалаҳои густариши бештари ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Русия ва Тоҷикистону Эрон дар соҳаи энергетика, аз ҷумла масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Зимнан зикр мегардад, ки пагоҳ, 30-юми  май Гул Шералӣ дар назди ширкаткунандагони Форум суханронӣ хоҳад кард. Интизор меравад, ки дар суханронӣ самтҳои авлавиятноки густариши соҳаи энергетика дар Тоҷикистон ва пешниҳодҳои кишвари мо дар мавриди барқарорсозӣ ва густариши ҳамкории энергетикӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнусия бозтоб шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.