Узви Раёсати Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров аз аҳли ҷомеа даъват ба амал овард, ки бинобар сабаби афзоиши фишор болои аъзои иттиҳодияи нав ба таҳлука наафтода, пайвастан ба сафҳои онро идома диҳанд. Матн бо чунин изҳоротро Р.Зойиров дар
саҳифаи худ
дар шабакаи иҷтимоии Facebook ба нашр расонид.
Раиси ҲСДТ изҳор мекунад, ки чанде қабл, 28-уми май фишор болои аъзои Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият ёфтааст.
«Мо ҳанӯз дирӯз хабар дода будем, ки яке аз аъзои Эътилоф, рӯзноманигор Рамзия Мирзобекова ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват шуда, ҳамчунин нисбат ба Қирғизбек Канунов, намояндаи ҷавонон дар Эътилоф низ фишор меафзояд ва ин фишор то андозаест, ки таъҷилан аз кор сабукдӯши кардан ва маҳдуд сохтани дигар ҳуқуқҳои ӯро талаб кардаанд», – иброз медорад Зойиров.
Ба эътиқоди ӯ, субҳи имрӯз Маҳмурод Одинаев, падари маҳбус Ризоев низ ба КДАМ даъват шуда, айни замон баёнот медиҳад.
Раҳматилло Зойиров аз аъзои Эътилоф даъват ба амал меоварад, ки ба воҳима наафтода, ба қонунӣ таъсис дода шудани Эътилоф шубҳа накунанд ва хоҳишмандонро барои узвият ба Эътилоф даъват мекунад.
Ҳайати Раёсати Эътилоф аз 9 нафар, аз ҷумла раиси Консорсиуми ҳуқуқӣ Раҳматилло Зойиров, муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳайит, намояндаи Гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Маҳмудҷон Қосимов, сиёсатшинос Абдуғанӣ Мамадазимов, узви Шӯрои сиёсии ҲСДТ Шодавлат Шонусайриев, раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев, рӯзноманигор Рамзия Мирзобекова, Маҳадмурод Одинаев (падари маҳбус Маҳмурод Ризоев) ва Қирғизбек Канунов ҳамчун намояндаи ҷавонон иборат аст.


