Интиқоди С.Шарифов аз Хадамоти санитарии ҷумҳурӣ

Зимни баррасии тағийроту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини амнияти санитарӣ ва эпидемиологии аҳолӣ» дар ҷаласаи имрӯзаи МНМО ҶТ вакили парлумон Суҳроб Шарифов аз роҳбарони хадамоти давлатии санитариву эпидемиологии Тоҷикистон даъват кард, ки мутахассисони ҳирфаиро ба кор қабул намоянд. «Ахиран дар бораи вазъи санитариву эпидемиологӣ дар Тоҷикистон, маҳсулоти хӯроквории истеҳсоли кишвар ва қатораҳои ҷумҳурӣ […]

Аваз Юлдошев


Зимни баррасии тағийроту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини амнияти санитарӣ ва эпидемиологии аҳолӣ» дар ҷаласаи имрӯзаи МНМО ҶТ вакили парлумон Суҳроб Шарифов аз роҳбарони хадамоти давлатии санитариву эпидемиологии Тоҷикистон даъват кард, ки мутахассисони ҳирфаиро ба кор қабул намоянд.

«Ахиран дар бораи вазъи санитариву эпидемиологӣ дар Тоҷикистон, маҳсулоти хӯроквории истеҳсоли кишвар ва қатораҳои ҷумҳурӣ сиёсатмадорон ва Хадамоти санитарии Русия иҳороти зиёди манфӣ иброз медоранд, вале хадамоти санитарии Тоҷикистон ва роҳбарони он хомӯш буда, умуман ба ҳеҷ гунае ба ин изҳорот вокуниш нишон намедиҳанд», – гуфт ӯ.

Ба андешаи вакили номбурда, мутахассисони босаводу ҳирфаӣ метавонистанд ба ҳамтоҳои русиягии худ дар ин маврид посухи саривақтӣ диҳанд.

Раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дар ин робита зикр намуд, ки Хадамоти санитарӣ дар нақлиёт, аз ҷумла роҳи оҳан ва фурудгоҳҳо бояд фаъолияти густарда дошта бошад. Ба андешаи ӯ, ҳамчунин тақвияти назорат аз болои воридоти маҳсулоти ғизойӣ низ зарур аст.

Зимни шарҳи моҳияти тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини амнияти санитарӣ ва эпидемиологии аҳолӣ» вакил Маҳмадамин Ҳисориев зикр кард, ки тағйирот ба таъин ва аз кор озод кардани сартабибони Хадамоти санитарии шаҳру навоҳии ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дахл дорад.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи тағйироти нав, акнун ҳуқуқи таъину аз кор озод намудани сартабибони Хадамоти санитариву шаҳру навоҳӣ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешавад. «Аз ин ҳуқуқ қаблан Хадамоти ҷумҳуриявии санитариву эпидемиологӣ бархӯрдор буд», – таъкид дошт Ҳисориев.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.