Мушовири президент ба саҳҳмони «Мовароуннаҳр» чизе ваъда надодааст

Сармушовири президент Содиқ Шоназаров дар бораи андешидани чора нисбати афроде, ки қаблан ба поймолкунии ҳуқуқи саҳҳомони ширкати «Мовароуннаҳр даст задаанд, ба намояндагони ширкат ва саҳҳомони он чизе ваъда надодааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» худи Шоназаров дар ин робита иттилоъ дод, ӯ хеле дар тааҷҷуб аст, ки намояндагони ширкат дар ВАО чунин маълумоти носаҳеҳро интишор мекунанд. […]

ASIA-Plus


Сармушовири президент Содиқ Шоназаров дар бораи андешидани чора нисбати афроде, ки қаблан ба поймолкунии ҳуқуқи

саҳҳомони ширкати «Мовароуннаҳр

даст задаанд, ба намояндагони ширкат ва саҳҳомони он чизе ваъда надодааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» худи Шоназаров дар ин робита иттилоъ дод, ӯ хеле дар тааҷҷуб аст, ки намояндагони ширкат дар ВАО чунин маълумоти носаҳеҳро интишор мекунанд.

«Рӯзи 27-уми май ман бо намояндаи ваколатдори саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров суҳбати телефонӣ доштам ва ҳангоме ки ӯ дар бораи ба мо расидани мактуби саҳҳомони ширкат пурсид, мо посух додем, ки он дастраси мо шуда, ҳатман бо матни он шинос хоҳем шуд. Ман чизи дигаре ба онҳо на гуфтааму на чизе ваъда додаам», – иброз дошт Шоназаров.

Аммо Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, рӯзи 27-уми май зимни суҳбати телефонӣ сармушовири президент Содиқ Шоназаров ваъда додааст, ки то санаи 30-юми май нисбати афроде, ки ба поймолкунии ҳуқуқи беш аз 600 нафар саҳҳомони ширкат даст задаанд, чора хоҳад андешид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.