Пас аз расидани номаи Вазорати адлияи Тоҷикистон, Академияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаъолияти худро муваққатан қатъ кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Академияи ҲНИТ Зубайдуллоҳи Розиқ хабар дод, дар номаи ду ҳафта пеш воридшуда ба унвони мақомоти раҳбарии ҳизб огаҳӣ дода шудааст, ки ҲНИТ ба роҳандозии фаъолияти Академия дар назди ҳизб ҳуқуқ надорад.
«Айни замон фаъолияти мо қатъ шуда, баъди як-ду моҳ ҷаласаи Шӯрои олии ҳизб доир мегардад ва дар он масъалаи пурра қатъ кардан ё идомаи фаъолияти Академия ҳаллу фасл хоҳад шуд», – иброз дошт З.Розиқ.
Дар ҳамин ҳол, узви Шӯрои олии сиёсии ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯяд, дар мактуб сухан сари қатъи фаъолияти Академия намерафт ва аз ин рӯ, фаъолияти он чун пештара идома дорад.
Аъзои ҲНИТ ин амалро ба аз ҷониби намояндагони Академия гоҳ-гоҳ содир шудани фатво марбут медонанд. Кумитаи умури дин чандин маротиба таъкид дошт, ки ба содир намудани фатво танҳо мақомоти ваколатдор – Шӯрои уламо ҳуқуқ дорад. Мувофиқи Оиннома, ҲНИТ ба роҳандозии маркази илмӣ дар назди ҳизб ва баргузории таҳқиқот ҳуқуқ дорад.
Академияи ҲНИТ ду сол пеш таъсис дода шуда, дар доираи салоҳияти худ семинарҳои омӯзишӣ доир менамояд. Дар сомонаи расмии ҲНИТ як гӯшаи махсусе мавҷуд аст, ки ба саволҳои марбут ба масоили динии корбарони сомона посух мегӯяд.


