Маҷлиси навбатии ҳукумат таҳти раёсати президент

Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маҷлис ҳисоботи раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумат доир ба татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» шунида шуд. Тавре зикр гардид, тайи 6 соли амал […]

ASIA-Plus


Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маҷлис ҳисоботи раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумат доир ба татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» шунида шуд.

Тавре зикр гардид, тайи 6 соли амал қонуни мазкур ба дигаргунсозии тафаккури иҷтимоию фарҳангӣ ва динии мардум таъсири мусбӣ расонда, ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ мусоидати фаъол намуд. Аз сабаби кам шудани хароҷоти тӯю маъракаҳо шумораи тӯйҳои хонадоршавии ҷавонон 2 баробар афзун шуд. Дар ин муддат ҳаҷми пасандозҳои пулии аҳолӣ дар бонкҳо 20 баробар зиёд шудааст, ки дар ин раванд ҳам нақши қонуни мазкур намоён аст.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки барои тарғибу ташвиқ ва дар амал татбиқ намудани фарҳанги сарфаю сариштакорӣ дар миёни аҳолӣ ин қонун нақши муассир мегузорад.

Сарвари давлати Тоҷикистон дар баробари комёбиҳо, ҳамзамон аз риоя нашудани талаботи қонуни мазкур аз ҷониби баъзе мансабдорон, соҳибкорон ва ходимони динӣ изҳори нигаронӣ карда, пешгирии чунин қонуншиканӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкорро талаб намуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин ба як зумра қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” тағйиру иловаҳо пешниҳод карда шуд.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара 195 га замин барои васеъ намудани фонди заминҳои наздиҳавлигӣ ва сохтмони мактабу иншооти варзишӣ ҷудо карда шуд.

Дар фароварди маҷлис сарвари давлати Тоҷикистон ба масъулин дастур дод, ки барои мустаҳкам нигоҳ доштани роҳҳои мошингарди минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ва ҳам зебою дилкаш намудани муҳити онҳо аз ду ҷониби ҳамаи роҳҳо дар паҳноии то 100-200 метр боғу ҷангалзор бунёд карда шавад.

Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба иҷрои вазифаҳои ҳангоми мулоқоти президенти Тоҷикистон бо ҷавонон муайяншуда дода шуд. Таъкид гардид, ки барои таълиму тарбияи дурусти ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории тоҷикон роҳбарону ходимони давлатии тамоми сатҳу зинаҳо дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимият масъуланд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.