Кумитаи дин: Нархи ҳаҷ 103 $ боло рафт

Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ иттилоъ медиҳад, ки нархи ҳаҷҷи имсола бинобар сабаби болоравии арзиши билети ҳавопаймо ва нархи квота аз ҷониби Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ зиёд шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумита,  нархи билети ҳавопаймо ба самти Душанбе-Ҷидда ва Ҷидда–Душанбе имсол нисбат ба соли гузашта 241.5 сомонӣ ва квотаи Вазоарти ҳаҷҷи Арабистони […]

ASIA-Plus


Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ иттилоъ медиҳад, ки нархи ҳаҷҷи имсола бинобар сабаби болоравии арзиши билети ҳавопаймо ва нархи квота аз ҷониби Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ зиёд шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумита,  нархи билети ҳавопаймо ба самти Душанбе-Ҷидда ва Ҷидда–Душанбе имсол нисбат ба соли гузашта 241.5 сомонӣ ва квотаи Вазоарти ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ низ ба ҳамин миқдор афзуд.

Гуфта мешавад, нархи ҳаҷҷи соли гузашта 17 ҳазору 127 сомонӣ ва имсол бошад, дар муқоиса ба соли гузашта 497 сомонӣ (103 $) фарқ дошта, 17 ҳазору 625 сомонӣ (беш аз 3 ҳазору 710 доллари ИМА тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон)-ро ташкил медиҳад. Соли гузашта адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён – 3 ҳазору 546 $ ва соли 2011 – 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар ин маблағ чиптаи ҳавопаймо (рафту баргашт), маблағи авоид (боҷи шоҳӣ), иҷораи меҳмонхонаҳо дар шаҳрҳои Макка ва Мадина, се маротиба хӯрок дар як рӯз, хидмати роҳбаладон , кӯмаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди касалиҳои сироят кунанда, ҷузвдон, сару либос ва ғайраҳо дар назар дошта шудааст.

Пардохти маблағи ҳаҷ бо доллари ИМА қабул карда мешавад. Кумитаи умури дин сарфи назар аз боло ва ё поён рафтани қурби асъори хориҷӣ (доллар), барои ҳисоббаробаркунӣ бо ширкатҳои хориҷӣ созишномаи сетарафаро байни Кумита, Бонки миллии Тоҷикистон ва бонки хизматрасони ҶСК Ориёнбонк ба имзо расонид, ки бо қурби миёнаи бозори байнибонкӣ баробар ба 4,83 сомонӣ барои як доллари ИМА мутобиқ мебошад.

Қобили зикр аст, ки соли равон зиёда аз 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ба адои маросими ҳаҷ раҳсипор хоҳанд шуд. Ҳавопаймои нахустин бо зойирини тоҷик рӯзи 20-уми сентябри соли равон аз Душанбе ба Ҷидда раҳсипор мегардад. Парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» анҷом дода мешаванд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.