Беш аз 6 млрд. сомонӣ бақияи қарзҳо то моҳи май

Ба аввали моҳи майи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии бақияи қарзҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон беш аз 6 млрд. сомонӣ (1$ = 4,75 сомонӣ)-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, дар муқоисаи бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми бақияи қарзҳо ба андозаи 38,3% афзудааст. Таркиби бақияи қарзҳо дар чор моҳ аз 64,4 […]

ASIA-Plus


Ба аввали моҳи майи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии бақияи қарзҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон беш аз 6 млрд. сомонӣ (1$ = 4,75 сомонӣ)-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, дар муқоисаи бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми бақияи қарзҳо ба андозаи 38,3% афзудааст.

Таркиби бақияи қарзҳо дар чор моҳ аз 64,4 фоиз (беш аз 3 млрд. 918,3 млн. сомонӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 35,6 фоиз (ҳудуди 2 млрд.165 млн. сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат иборат мебошад.

Дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 24,66 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 20,06 фоизи солонаро ташкил додааст.

«Раванди афзоиш ёфтани пешниҳоди қарзҳои хурд бинобар баланд будани талабот ба онҳо идома дорад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51,6 фоиз зиёд шудааст», – гуфта мешавад дар иттилои хадамоти матбуоти БМТ.

Дар Бонки миллӣ таъкид месозанд, ки дар ин давра ба ноҳияҳои дурдасти кӯуҳистон дар ҳаҷми 299 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 50,5 фоиз зиёд мебошад.

Дар ҳамин ҳол зикр мегардад, ки дар ҷумҳурӣ тамоюли зиёдшавии бақияи пасандозҳо дар интиҳои апрели соли равон бомаром идома дошта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,6 фоиз афзудааст.

Гуфта мешавад, таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо дар ин давра нишон додааст, ки 35,8 фоиз (1 млрд. 769,7 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 64,2 фоиз (3 млрд. 205,6 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил намуданд.

Фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ бо пули миллӣ ба 14,81 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 10,26 фоизи солона баробар шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...