Бетартибиҳои оммавӣ дар шимоли Қирғизистон

Субҳи имрӯз дар деҳаи Тамғаи минтақаи шимоли Қирғизистон бетартибиҳои оммавӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Бино ба иттилои хабаргузории «24.kg», авзоъ дар ин минтақа дар пайи чанд рӯз қабл роҳ ба самти кони тилои бузурги Қумторро бастан аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ба амал омада, онҳо раҳоии чанде аз ҳамдиёронашонро тақозо намудаанд. Сокинони маҳаллӣ қатъи қарордоди истифодаи кон […]

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз дар деҳаи Тамғаи минтақаи шимоли Қирғизистон бетартибиҳои оммавӣ ба вуқӯъ пайвастанд.

Бино ба иттилои хабаргузории «24.kg», авзоъ дар ин минтақа дар пайи чанд рӯз қабл роҳ ба самти кони тилои бузурги Қумторро бастан аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ба амал омада, онҳо раҳоии чанде аз ҳамдиёронашонро тақозо намудаанд. Сокинони маҳаллӣ қатъи қарордоди истифодаи кон бо ширкати Centerra Gold Inc ва иҷрои чанде аз талабҳои сокинон аз ҷониби ин ширкат, аз ҷумла таъмири роҳ, сохтмони бемористон, пешниҳоди қарз ба аҳолӣ ва ғайраро талаб кардаанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон иттилоъ додааст, ки бар асари ин бетартибиҳо 15 нафар осеб дида, дар макони ҳодиса пойгоҳҳои сайёри ёрии таъҷилии тиббӣ амал мекунанд.

Бино ба маълумоти бахши тоҷикии сомонаи

радиои «Озодӣ

», раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар пайи ташаннуҷи вазъ дар ноҳияи Жетиоғуз вазъи изтирорӣ ҷорӣ кардааст. Отамбоев гуфтааст, эътирозҳо дар Қумтор метавонад ба иқтисоди кишвар то 6 миллиард сом зиён биорад.

K-News хабар медиҳад, ки тибқи иттилои ахир, тазоҳургарон изҳор намудаанд, ки гӯё ҳукуматдорон талабҳояшонро қонеъ намуда, қариб ҳамаи боздоштшудагонро раҳо кардаанд.

Тибқи иттилои чанде аз ВАО-и Қирғизистон, дар ҳодисаи сар задани бетартибиҳои оммавӣ дар шимоли Қирғизистон, ҳизби фаъолияташ дар ин кишвар мамнӯъи «Ҳизб-ут-Таҳрир» метавонад даст дошта бошад.

Рӯзномаи «Вечерний Бишкек» менависад, чанд рӯз пеш дар шабакаи Интернет

филми

иғвогаронаи мустанади «Қумтор» интишор гардид, ки дар он аз ба ихтиёри мардум вогузор намудани кони тилои «Қумтор» сухан меравад.

«Моро маҷбур сохтанд, ки кони Қумтор бояд аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ коркард шавад, ҳарчанд ин кор аз дасти худи мо ҳам меояд. Ҳарчанд ҳукумат медонист, ки ин амал ба нафъи Қирғизистон нест, вале мансбдорон фоидаи онро байни худ тақсим мекунанд», – зикр мегардад дар филм.

Муаллифони филм даъват мекунанд, ки тамоми даромад аз кон на миёни мансабдорону сармоягузорони хусусӣ, балки дар байни мардум тақсим карда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.