Бонки рушди Осиё татбиқи лоиҳаи нахустини таҷдиди бозсозии роҳҳои мошингард дар Тоҷикистонро ба анҷом расонид

Date:


Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки рушди Осиё мегӯяд, ки тарҳи бозсозии роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Данғара-Кӯлоб, ки марказро бо ҷануби Тоҷикистон мепайвандад, поён ёфтааст.




Тибқи иттилоъи манобеъи ин бонк дар Душанбе, дар чорчӯби ин лоиҳа ҳудуди


104 километр

роҳи мошингард дар масири Душанбе-Қӯрғонтеппа ва аз маркази вилояти Хатлон то шаҳрҳои Данғара ва Кӯлоб бозсозӣ шудааст.



Бонк ин тарҳро ба маблағи ҳудуди 21 миллион, давлати Тоҷикистон ба маблағи 2,5 миллион ва Сандуқи ОПЕК дар ҳаҷми ҳудуди чаҳор миллион доллари амрикоӣ сармоягузори кардаанд.



Тибқи иттилоъи ин манбаъ, ҳадаф аз иҷрои ин тарҳ танҳо бозсозии роҳ набуда, балки аз ин тариқ ба коҳиши мизони фақр ва беҳбуди вазъи иқтисодии сокинони манотиқ перомуни ин роҳ мусоъидат шудааст.



Ҳамчунин, интизор меравад ин роҳ ба тавсеъаи бахши кишоварзӣ дар ҷануби Тоҷикистон мусоъидат кунад. Зеро, ҳамакнун шароити интиқоли коло ва маҳсулоти кишоварзӣ аз ин манотиқ ба бозорҳои дигар беҳтар шудааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...