Адвокати Кабирӣ: Мо то Кумитаи ҳуқуқи башари СММ шикоят бурданием

Бузургмеҳр Ёров, ҳимоятгари раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ изҳор намуда, ки онҳо посухи шикояти кассатсионии худ ба қарори суди шаҳри Душанберо интизоранд. Ба қавли адвокат, агар эътироз рад карда шавад, онҳо ба Суди олӣ, сипас ба Суди конститутсионӣ ва дар сурати дар мақомоти судии Тоҷикистон ҳаллу фасл нагардидани ин масъала, дар ниҳояти […]

Аваз Юлдошев


Бузургмеҳр Ёров, ҳимоятгари раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ изҳор намуда, ки онҳо посухи шикояти кассатсионии худ ба қарори суди шаҳри Душанберо интизоранд.

Ба қавли адвокат, агар эътироз рад карда шавад, онҳо ба Суди олӣ, сипас ба Суди конститутсионӣ ва дар сурати дар мақомоти судии Тоҷикистон ҳаллу фасл нагардидани ин масъала, дар ниҳояти кор ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ шикоят бурданианд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи январи соли равон адвокати раиси ҲНИТ Бузургмеҳр Ёров аз болои

қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии

пойтахт бобати аз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ тавассути ВАО аз мақомоти шаҳрдории пойтахт узр пурсидан ба суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ бурд. Ҳамчунин суд даъвои муқобили даъвои сиёсатмадор нисбати мақомоти шаҳрдорӣ дар бораи ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми 20 млн. сомониро низ рад карда буд.

Ахири моҳи апрел суди шаҳри Душанбе шикояти адвокат нисбат ба қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба ин масъаларо рад кард. Адвокати Кабирӣ низ аз болои ин қарор шикоят бурда, мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, дар муддати ду моҳ аз санаи пешниҳоди эътироз, суд бояд қарори худро содир намояд.

Қобили зикр аст, ки

даҳаи сеюми моҳи январ

намояндагони ҳимояи пешвои ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ҳудуди сад нафар сокинони пойтахтро, ки аз буридани дарахтон дар шаҳри Душанбе изҳори норозигӣ мекунанд, ба сифати шоҳидон ба мурофиаи судӣ оид ба баррасии даъвои мақомоти шаҳрдории пойтахт нисбати раиси ҲНИТ даъват карданӣ буданд.

Нимаи дуюми моҳи ноябри соли гузашта мақомоти шаҳрдории Душанбе нисбат ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ дар робита ба интиқоли ӯ аз буридани дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ

даъво пеш овард.

Мақомоти шаҳрдории пойтахт дар даъвои худ ба суд талаб кардааст, ки М.Кабирӣ расман аз мақомоти шаҳрдорӣ узр бипурсад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.