Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ 20 солагии ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегирад. Дар натиҷаи ин ҳамкорӣ саҳми арзанда дар паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон гузошта шуд.
Дар иттилоияи интишоршудаи намояндагии БҶ дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки шарикиву ҳамкориҳои мазкур ба бонк ҷиҳати саҳмгузорӣ ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ва рушди иқтисодӣ ҷумҳурӣ имкон доданд.
«Ҳамшарикии Тоҷикистон бо Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар аввали солҳои 90-ум, вақте ки кишвар даврони мушкилтаринро аз сар мегузаронид, оғоз ёфта буд. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, вазифаи аввалиндараҷаи мо аз расонидани кӯмак дар барқарорсозии инфрасохтор, воситаҳои зиндагӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ иборат буд, – қайд намуд Лора Так, Роҳбари Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиётҳо дар Аврупо ва Осиёи марказӣ. – Мардуми Тоҷикистон бояд аз дастовардҳои худ ифтихор кунад. Аз соли 2003 инҷониб, сатҳи камбизоатӣ ду баробар коҳиш ёфт ва иқтисодиёт ба ҳисоби миёна тақрибан 8 фоиз дар яксол дар давоми даҳсолаи охир афзоиш ёфт».
Соли 1993 Тоҷикистон аъзои Бонки ҷаҳонӣ шуда соли 1994 шомили Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ (IFC), зербахши Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ масъули ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, гардид. Дар давоми бист сол, ҳамшарикӣ бо Тоҷикистон мувофиқ бо тағйирот дар талаботи маҳаллӣ ва иқтисоди ҷаҳон густариш меёфт. Дар оғоз, фаъолияти Бонки ҷаҳонӣ ба татбиқи лоиҳаҳои барқарорсозии баъди низоъ дар охири солҳои 90-ум равона шуда буд ва бо мақсади рафъи мушкилоти норасоии ғизо ва офатҳои табиӣ маблағгузории фаврӣ таъмин карда шуд. Аз соли 2000 инҷониб, сармоягузориҳо ба рушди иқтисодӣ аз ҳисоби барқарорсозии маҳсулнокӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ тавассути баланд бардоштани маълумот, беҳтар намудани дастрасӣ ба тандурустӣ ва оби тозаи ошомиданӣ, вусъатдиҳии ҳуқуқ ба замин, диверсификатсияи соҳаи кишоварзӣ дар деҳот ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ равона шуда истодаанд.
Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, аз он ҷумла зербахши он IFC – масъули ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ маблағи умумии 924 миллион долл.ИМА-ро ҷиҳати дастгирии барномаҳо дар як қатор бахшҳо, ки ба таҳрики рушди иқтисодӣ ва рафъи мушкилоти асосии монеи рушд равона шудаанд, сармоягузорӣ намуданд.
Стратегияи ҳамкории кунунии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба афзундиҳии сармоягузориҳои хусусӣ ҷиҳати таъмини рушди устувор дар баробари қонеъ намудани талаботи рушди инсон ба монанди амнияти озуқа, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф равона шудааст.
«Мо дастгирӣ намудани талошҳои Тоҷикистонро дар татбиқи ислоҳоти давраи дуввум, ки дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, тандурустӣ ва маориф ҷиҳаи баланд бардоштани сифат ва дастрасии хизматрасониҳо ба аҳолӣ заруранд, бесаброна интизорем, илова намуд Maрша МакГро Олив, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон. – Дар баробари ин, мо нақша дорем ба ташаббусҳои бузургтари дигар ҳамёрони рушд, ки метавонанд ба Ҳукумат дар расидан ба ҳадафҳои бузургтар дар самти кам намудани сатҳи камбизоатӣ ва вусъатдиҳии пештафти умумӣ кӯмак кунанд, бипайвандем.»
«Бахши хусусӣ дар рушди Тоҷикистон бо таъмин намудани сармоя, технологияҳо ва малакаҳои идоракунӣ ҷиҳати табдил додани сармояҳои зиёди кишвар ба пешбарандагони устувори шуғл ва рушди иқтисодӣ, нақши муҳимтаринро мебозад, – афзуд Кристофер Миллер, роҳбари IFC дар кишвар. – Мо тасмим гирифтаем минбаъд ислоҳотро, ки ба тақвиятдиҳии фазои сармоягузорӣ ва афзун додани маблағгузории бевоситаи корхонаҳои пешсафи Тоҷикистон равона шудаанд, дастгирӣ намоем.
Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ талош дорад, ки минбаъд ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар беҳтар намудани зиндагӣ ва қонеъ гардонидани талаботҳои аҳолии ҷавон ва афзоишёбанда дастгирӣ намояд.
Тоҷикистон соли 1993 аъзои Бонки ҷаҳонӣ гашта соли 1994 ба Ассотсиатсияи байналмиллалии рушд (АБР) пайваст. Аз соли 1996 инҷониб Бонки ҷаҳонӣ маблағи тақрибан 843 миллион доллари ИМА-ро тавассути қарзҳо ва грантҳои АБР ва фондҳои мақсаднок ҷиҳати беҳсозии зиндагии мардум дар Тоҷикистон ҷудо намуд. Тақрибан 34% ин маблағ ба соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот равона шуд. Дигар бахшҳои асосӣ сиёсати иқтисодӣ ва бахши давлатӣ – 17%, энергетика – 15%, об ва рушди шаҳр – 15%, маориф – 10% ватандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ– 9% маҳсуб меёбанд.Сандуқии ҷории Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 15 лоиҳа бо ӯҳдадории холиси 271 миллион доллари ИМА иборат аст.
Ҳамчун кишвари дорои сатҳи пасти даромад, Тоҷикистон аз грантҳои Ассотсиатсияи байналмиллалии рушд бархӯрдор мебошад. Ҳаҷми маблағгузорӣ дар солҳои молиявии 2009-2011 аз 75 миллион доллари ИМА ба 150 миллион доллари ИМА дар солҳои молиявии 2012-2014 яъне ду баробар афзоиш ёфт. Сандуқи фонди мақсадноки Тоҷикистон яке аз бузургарин дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Он иловаи муҳимме ба маблағҳои АБР буда тақрибан 30% маблағҳои умумии сандуқро ташкил медиҳад.


