Собиқ сардори посгоҳи сарҳадии 8-уми нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба 27 соли зиндон маҳкум гардид

Date:



           

Кӯлоб. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 30-юми сентябр дар Кӯлоб ҳайати мушовараи низомии Додгоҳи Олии Тоҷикистон собиқ сардори посгоҳи сарҳадии 8-уми нерӯҳои марзбонии мутааллиқи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Партов»-и ноҳияи Восеъ Баҳром Ҳабибовро тибқи 19 моддаи Кодекси ҷинои ҶТ гунаҳкор дониста, ба муддати 27 соли зиндон ва адои ҷазо дар маҳбаси низоми шадид маҳкум кард. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи аввал Алфаттоҳ Розиқов хабар дод.





           

Номбурда изҳор дошт, ки Б.Ҳабибов дар содир намудани ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, худсарона азхуд намудани замин ва сохтмони ғайриқонунии иншоот дар он ҳангоми ифои вазифа кардан дар вазифаи раиси хоҷагии деҳқонӣ гунаҳкор дониста шудааст.




           

«Додситон барои Б.Ҳабибов 30 соли маҳрумият аз озодиро талаб кард, вале аз чунин қарори додгоҳ, ки 27 соли ҷазоро ба ӯ лоиқ донист, низ қаноатманд аст», – афзуд А.Розиқов.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...