Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус дар соҳаи маориф

Чанде қабл дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Минск маросими ба имзо расонидани Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ доир гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар маросим сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва аъзои […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Минск маросими ба имзо расонидани Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар маросим сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва аъзои ҳайати ҳукуматӣ, ки дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуда буд, ҳузур доштанд.

Созишномаро аз ҷониби Тоҷикистон – вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов ва аз ҷониби Беларус – вазири маорифи Беларус Сергей Маскевич имзо карданд.

 Бояд зикр намуд, ки Созишнома барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ тариқи гирифтани таълимоти шаҳрвандони Тоҷикистон ва Беларус дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, академияҳои таҳсилоти баъдидипломӣ, донишкадаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, донишкадаҳои рушди таҳсилот ва дигар муассисаҳои низоми маориф заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоварад.

Санад, аз ҷумла, табодули донишҷӯён, кормандони омӯзгорӣ, иштирок дар олимпиадаҳо, озмунҳо, фестивалҳо, конференсияҳо, дар чорабиниҳои байналмилалии таълимӣ, рушди ҳамкориҳо миёни муассисаҳои таълимиро пешбинӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.