Дубай: Ҳукми 5 соли зиндон ба як тоҷири тоҷик

Дата:


Дар Аморати Муттаҳидаи Араб як тоҷири тоҷик барои кӯшиши қатли собиқ ҳамсараш ба 5 соли зиндон маҳкум гардид.

Бино ба маълумоти

Gulfnews.com

., суди зинаи таҷдиди назари Дубай шикояти ӯ аз болои қарори судро рад ва онро бетағйир боқӣ гузоштааст. Пас аз адои муҳлати ҷазо шаҳрванди Тоҷикистон Ҷ.С. ба ватан истирдод хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон Ҷ.С. собиқ ҳамсараш, ҷавонзани 19-солаи тоҷикро аз ошёнаи 2-юми яке аз хонаҳои шаҳри Дубай ба поин афкандааст. Номбурда иқрор шудааст, ки занашро куштанӣ будааст.

Дар суд тасдиқ шудааст, ки ҳангоми содир намудани ҷиноят айбдоршаванда дар ҳолати мастӣ аз машрубот қарор доштааст. Барои ин амал маҳкумшуда ҳамчунин ба маблағи 2 ҳазор дирҳам (ҳудуди 550 $) ҷаримабандӣ шудааст.

Маҳкумшуда айбро рад намуда, изҳор доштааст, ки собиқ ҳамсараш худ ба ин амал даст задааст.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное