Дар робита ба ҳодисаи санаи 9-уми июни соли равон бедарак шудани ноболиғ Муҳаммадҷони Абдуҷаббор, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрванд Абдусалом Раҷабови 48-сола, сокини деҳаи Тоштеппаи ноҳияи Шаҳринав, ки соли 2010 бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ӯ ноболиғи мазкурро бо худ бурда будааст. Ноболиғ Муҳаммадҷони Абдуҷаббор ба волидайнаш баргардонида шуд.
Зикр мегардад, ки дар вақти гузаронидани санҷиш маълум карда шуд, ки Абдусалом Раҷабов дар таърихи 08-уми июни соли равон низ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ноболиғон Хусрав Орифҷонови 9-сола, Фаррух Орифҷонови 10-сола ва Фозилҷон Бӯриеви 11-соларо бо баҳонаи чиндани гелосу олу ба бовариашон даромада, ҳамроҳи худ ба ноҳияи Бохтар бурдааст. Худи ҳамон рӯз аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони мазкур муайян ва дарёфт карда шуданд.
Зимни таҳқиқи ин ҳодиса муайян карда шуд, ки Абдусалом Раҷабов дорои бемории руҳӣ буда, дар беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои руҳӣ бо хулосаи «Маҷзубияти параноиди равандаш бетанаффус» дар қайд мебошад. Ҳолати мазкур мавриди санҷиш қарор дорад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи якшанбе 9-уми июн ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои пойтахт сокини шаҳри Душанбе, шаҳрванд Абдуҷабор Тошеви 36-сола муроҷиат намуда, изҳор кардааст, ки рӯзи 09.06.с.2013, тахминан соати 12:30-дақиқа писари ноболиғаш Абдуҷаббор Муҳаммадҷони 5-сола аз хонаи истиқоматиашон баромада,
бедарак гум шудааст.
Қобили зикр аст, ки моҳи марти соли равон низ каме дуртар аз маркази тиҷоратии «Садбарг»-и пойтахт духтарони хурдсол – Малика ва Сабина Араловаҳо низ бе ному нишон гум шуданд. То ҳанӯз аз ҷустуҷӯи онҳо ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд.



