Панҷакент: Муноқишаи сокинони маҳаллӣ бо чиниҳо


Чанд рӯз қабл дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ миёни бинокорони Чин ва сокинони шаҳри Панҷакент муноқиша рух дод. Муноқиша шомгоҳон дар тарабхонаи «Суғдиён» ба вуқӯъ пайваста, 8 нафар шаҳрвандони Чин боздошт шудаанд.

Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи

радиои «Озодӣ»

, рафтори номуносиби бинокорони Чин пас аз истеъмоли пиво ба муноқиша боис гардидааст. Аз рӯий ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, айни замон аз 8 нафари боздоштшудаи шаҳрвандони Чин 6 нафарашонро раҳо кардаанд.

Дар робита ба шарҳи қазияи мазкур ОИ «Азия-Плюс» ба муовини сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент Ҷамшед Раҳимов муроҷиат намуд, вале ӯ аз пешниҳоди маълумот дар ин маврид худдорӣ варзид.

Дар сафоратхонаи Чин дар Тоҷикистон низ дар ин робита хабар доданд, ки дар ин хусус маълумоте дар даст надоранд. Консули сафорат  Дин Сзянвэй дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» зикр кард, ки маъмулан дар ин ҳолатҳо Вазорати корҳои дохилӣ дар муддати як шабонарӯз аз замони ҳодиса ба сафорат нота мефиристад.

«Аммо аз рӯзи муноқишаи эҳтимолан рухдода 3 рӯз сипарӣ шудаву ба сафорат ҳеҷ санаде нарасидааст ва аз ин рӯ, мушаххасан наметавонам бигӯям, ки ин муноқиша рух додааст ё на», – афзуд намояндаи сафорат.

spot_imgspot_img

Популярное