Нахустин Бюрои қарзӣ-иттилоотӣ дар Тоҷикистон

Рӯзи чоршанбе, 12-уми июн дар Душанбе маросими ифтитоҳи нахустин Бюрои қарзӣ-иттилоотӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) дар ҶТ хабар доданд, дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои молиявӣ ва бахши хусусӣ ширкат хоҳанд варзид. Бюрои қарзӣ-иттилотии «Тоҷикистон» як ниҳоди комилан нав дар бозори мамлакат аст, ки аз […]

ASIA-Plus


Рӯзи чоршанбе, 12-уми июн дар Душанбе маросими ифтитоҳи нахустин Бюрои қарзӣ-иттилоотӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) дар ҶТ хабар доданд, дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои молиявӣ ва бахши хусусӣ ширкат хоҳанд варзид.

Бюрои қарзӣ-иттилотии «Тоҷикистон» як ниҳоди комилан нав дар бозори мамлакат аст, ки аз ҷониби бонкҳои Тоҷикистон бо ҷалби бузургтарин дар Аврупо Бюрои қарзии «КРИФ» ба сифати саҳмдор бунёд шудааст.

Фаъолияти Бюрои қарзӣ-иттилотии «Тоҷикистон»  ба таҳкими зербинои молиявии ҷумҳурӣ тавассути рушди низоми табодули маълумоти қарзӣ дар кишвар дар сатҳи байнулмилалӣ имкони мусоид фароҳам меоварад.

Дар таъсиси Бюрои қарзӣ-иттилотии «Тоҷикистон», ки бар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи таърихи қарз» 12-уми декабри соли 2012 аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома гирифт, дар доираи лоиҳаи ACAFI (Лоиҳа оид ба таҳкими зербинои молиявӣ дар Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон) Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ мусоидат намуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.