Суғд: Ҳалокати модару фарзанд дар сӯхтор

Бар асари сӯхтор дар манзили сокини деҳаи Чӯянчии ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Ғончӣ Мансур Шокиров, келини 23-солаи ӯ бо духтарчаи 2-солааш ба ҳалокат расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти прокуратураи ноҳияи Ғончӣ хабар доданд, дар натиҷаи сӯхтор қисмати манзиле, ки дар дар он модари ҷавон бо кӯдакаш зиндагонӣ мекардааст, пурра нобуд шудааст. Ҳамсари ӯ Бахтиёр […]

Мавлуда Рафиева


Бар асари сӯхтор дар манзили сокини деҳаи Чӯянчии ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Ғончӣ Мансур Шокиров, келини 23-солаи ӯ бо духтарчаи 2-солааш ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти прокуратураи ноҳияи Ғончӣ хабар доданд, дар натиҷаи сӯхтор қисмати манзиле, ки дар дар он модари ҷавон бо кӯдакаш зиндагонӣ мекардааст, пурра нобуд шудааст. Ҳамсари ӯ Бахтиёр Шокиров дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад.

«Натиҷаҳои ташхис ҳанӯз маълум нестанд, вале тибқи яке аз фарзияҳо, ҷавонзан ихтиёрӣ ба худсӯзӣ даст задааст», – гуфт сарчашмаи хабар.

Зимнан зикр гардид, ки айни замони ташхиси кимиёвӣ ҷараён дошта, эҳтимоли дурустии фарзияи мазкурро муайян хоҳад кард. Тафтиши ҳодиса идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.