Оғози машғулиятҳои мактаби «Лидерони ҷавон»-и ҲХДТ

Дар асоси нақшаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» аз 12 то 15-уми июни соли равон машғулиятҳои мактаби «Лидерони ҷавон» баргузор мегардад. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲХДТ, ба курси кӯтоҳмуддати омӯзишии мазкур беш аз 100 нафар аз зумраи роҳбарони намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» аз шаҳру […]

ASIA-Plus


Дар асоси нақшаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» аз 12 то 15-уми июни соли равон машғулиятҳои мактаби «Лидерони ҷавон» баргузор мегардад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲХДТ, ба курси кӯтоҳмуддати омӯзишии мазкур беш аз 100 нафар аз зумраи роҳбарони намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ ҷалб карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, дар мактаби мазкур ба ҷавонон коршиносону мутахассисони соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, ҳуқуқ ва дигар шахсиятҳо дарс гуфта, ҳамзамон дар доираи он баргузории Конференсияи II-уми ТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор мегардад, ки дар он аз ҳисоботи мақомоти раҳбарии ташкилот натиҷагирӣ шуда, роҳбарият, Шӯрои марказӣ ва Комиссияи назоратӣ – тафтишотии ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз нав интихоб карда мешаванд.

Гуфта мешавад, дар ҷамъбасти фаъолияти мактаб донишу малакаи сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон санҷида шуда, ба онҳо сертификат супорида мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.